Нишасти дабирони Шурои амнияти кишварҳои ИДМ да Маскав

Хабари хуб 21.11.2018 09:26

Маркази матбуъотии кумитаи иҷроии кишварҳои мустақили муштаракул манофеъ аз баргузории нишасти котибони Шурои амнияти кишварҳои узви ин созмон ба мизбонии Маскав хабар дод.

Ин нишаст дар тарихи 21 ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Бинобар ин гузориш, сарони ҳайатҳои кишварҳои иттиҳодияи кишварҳои мустақили муштаракул манофеъ мавзуъоти марбут ба таъмини амнияти миллӣ ва байналмиллалӣ дар фазои кишварҳои ҳамсудро баррасӣ мекунанд.

Ҳамчунин интизор меравад, ки тай ин ҷаласа масоил марбут ба фаъолияти маркази зидди террористии кишварҳои ҳамсуд ва мубориза бо густариши ҷараёнҳои ифротӣ мариди таҳлил қарор гирад.

Баррасии вазъияти низомӣ ва сиёсӣ дар Афгонистон, иқдомоти лозим барои таъмини амният дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар ин нишаст барномарезӣ шудааст.

Иттиҳодияи кишварҳои мустақили муқштаракул манофеъ пас аз фурупошии шуравии собиқ ташкил шуд. Баёнияи таъсиси ин иттиҳодия дар 21 декабри соли 1991 дар АлмаАто тавассути Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қиргизистон, Молдавия, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Украина ба имзо расид.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97