Ҳузури бидуни сабти номи қирғизҳо дар Тоҷикистон то 60 рӯз тамдид шуд

Хабари хуб 19.11.2018 08:42

Дар Қирғизистон созишномае ба тасвиб расид, ки мувофиқи он шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон то 60 рӯз бидуни сабтином иқомат карда метавонанд.

Сооронбой Ҷээнбеков раиси ҷумҳури Қирғизистон созишномаеро ба тасвиб расонид, ки мувофиқи он шаҳрвандони кишвараш дар Тоҷикистон бидуни сабтином 60 рӯз будубош карда метавонанд.

Ҳуҷҷати мазкур 1 феврал дар Душанбе ба имзо расида, 11 октябр аз ҷониби порлумониҚирғизистон ба тасвиб расид.

Ҳамин тавр, тоҷикон низ метавонанд дар Қирғизистон бидуни сабти ном то 60 рӯз ба сар баранд.

Ҳамчунин мувофиқи ин санад қирғизҳо метавонанд бо пешниҳоди ID-card  ва шиносномаҳои дохили худ  марзи Тоҷикистонро убур кунанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон шаҳрвандони хориҷӣ бояд баъди 5 рӯзи ворид шудан худро сабтином кунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки сокинони ноҳияҳои марзии Тоҷикистон ва Узбакистон дархост карданд, ки ба кишвари ҳамсоя ба воситаи шиносномаи дохилӣ сафар кунанд.

Маврид ба зикр аст, ки пештар раводид байни Тоҷикистону Узбакистон бардошта шуда буд, аммо шаҳрвандон барои ба кишвари ҳамсоя сафар кардан, бояд шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97