Роҳи оҳан 4 млн. доллар зарар дидааст

Хабари хуб 09.07.2009 15:01

Мақомоти ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" гуфтаанд, ки ин ширкат дар нимаи аввали соли ҷори маблағи чаҳор млн. доллар хисорат дидааст.

Муовини раиси ширкати "Роҳи оҳан" Владимир Собкалов, 8 июл дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ки сабаби ин амр коҳиши мусофирон дар қаторҳо аст. Ба гуфтаи ӯ, оморҳо ҳокист, ки ширкати "Роҳи оҳан" дар муддати шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 60 ҳазор мусофир камтар интиқол додааст.

Собкалов ҳамзамон афзудааст, ки гаронии қимати билет дар шароити феълии бӯҳрони ҷаҳонии молӣ сабаб шудааст, то мусофирон аз истифода аз хадамоти қатор худдорӣ кунанд.

Ба гуфтаи ин мақоми ширкати "Роҳи оҳан", дар семоҳаи нахусти соли ҷорӣ ба иллати боло рафтани ҳазинаҳои хадамоти қатор тавассути кишварҳои минтақа, бахусус Узбакистон ва Русия, ки қатори Душанбе-Маскав дар ин масир ҳаракат мекунад, қимати билет барои ҳар як мусофир аз Тоҷикистон маблағи 1186 сомонро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, ахиран дар пайи пойин рафтани нархи хадамоти қатор тавассути Русия ва Узбакистон, ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" низ қимати билетҳо дар масири Душанбе-Маскавро 974 сомонӣ муқаррар кардааст.

Вале мақомоти ширкати "Роҳи оҳан" мегӯянд ин иқдом низ натавонистааст рӯйи хадамоти мусофирбарӣ асар гузорад ва ҳамчунон раванди рӯ ба коҳиши теъдоди мусофирон дар қатор ба мушоҳида мерасад.

Зимнан, бо таваҷҷуҳ ба коҳиши қобили мулоҳизаи теъдоди мусофирон, ҳаракати қаторҳо аз Тоҷикистон ба хориҷ низ кам карда шудааст.

Ба ин тартиб, ҳоло ҳаракати қатори Душанбе-Маскав ҳафтае се маротиба, Кӯлоб-Маскав ду маротиба ва Хуҷанд-Саратов ду маротиба сурат мегирад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97