Раҳматулло Валиев 1000 сомонӣ ҷарима шуд

Хабар 25.06.2009 15:47

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даъвои Масъуд Собиров дар нисбат ба Раҳматтулло Валиевро ба нафъи муддаъӣ ҳал кард. Тибқи ҳалномаи додгоҳи мазкур, Раҳматулло Валиев бояд 1000 сомонӣ ҷарима пардохт кунад.

Масъуд Собиров тибқи аризаи худ ба додгоҳ шикоят бурда буд, ки Раҳматулло Валиев худро муовини раиси ҲДТ муаррифӣ мекунад, дар ҳоле ки чунин мақоме дар ин ҳизб надорад. Ба ин тартиб, додгоҳ ҳамроҳ ба ин чунин тасмим оғои Валиев аз муаррифии худ ба унвони муовини раиси ҲДТ манъ шудааст.

Қаблан додгоҳ Саъидҷаъфар Исмоновро низ барои худро раиси ҲДТ унвон кардан бо даъвои Масъуд Собиров 100 сомонӣ ҷарима карда буд.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97