Шоҳҷоизаро «Чанд метри мукааб ишқ» гирифт

Хабари хуб 28.10.2016 10:36

Ҳайати доварони Синамобазми байналмиллалии «Дидор», Ризо Киёниён аз Эрон, Латика Падгаонкар аз Ҳиндустон ва Низом Қосим аз Тоҷикистон филми «Чанд метри мукааб ишқ»-и коргардони Афғонистон Ҷамшед Маҳмудиро барандаи Шоҳҷоиза эълон карданд.

Шоҳҷоизаи расмии Синамобазми VII байналмилалии «Дидор» шоми 20 октябр, дар маросими анҷоми ин ҷашнворадар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ тақдим шуд. Доварон аз 22 филми бадеии пешниҳодшуда ба Синамобазми байналмилалии «Дидор», шоҳҷоизаро насиби филми «Чанд метри мукааб ишқ»-и коргардони Афғонистон, Ҷамшед Маҳмудӣ донистанд.

Дар толорҳои хурд ва бузурги кинотеатри «Зебунисо», давоми 5 рӯз аз 16 то 20 октябри соли равон, аз соати 10-и субҳ то соати 20-и шом, намоиши ройгони 80 филми гуногунҳаҷм идома ёфт, ки садҳо тамошобин аз мазмун ва муҳтавои ин филмҳо баҳравар шуданд.

Ҷоизаҳои дигар низ дар баробари Шоҳҷоиза ба ширкаткунандагони Синамобазми байналмиллалии «Дидор» тақдим шуд. Доварон ҷоизаи «Мунаққидони кинои тоҷик»-ро ба филми «Қарзи падар», ки дар мавзӯи эътирофи арзишҳои башарӣ сохта шуда, муаллифонаш Дастан Жапарн-улу ва Бақит Муқул аз Қирғизистон мебошанд, сазовор донистанд.

Филми Қасида Гулмаконӣ бо номи «Муроқибат аз ҷунос» аз Ҷумҳурии исломии Эрон сазовори ҷоизаи «Ҷавонӣ,талош ба сӯи ташаккулёбӣ» шуд.

Ҷоизаи «Беҳтарин филми тоҷикӣ» ба филми «Мушкилкушо»-и Умедшо Мирзоширинов тақдим гардид. Ёдовар бояд кард, филми «Муҷасамаи ишқ»-и У.Мирзоширинов соли 2004, дар нахустин кинофестивали байналмилалии «Дидор», ғолиби озмун шуда буд.

Ҷоизаи байналмилалии Синамобазми «Дидор»-ро доварон ба филми «Ҷашни бузург»-и Рубен Геворгянс, коргардони Арманистонӣ лоиқ донистанд.

Филми коргардон Николай Котяш аз Федератсияи Русия бо номи «Ҳар яке» барандаи Шоҳҷоизаи беҳтарин филми кӯтоҳмуддат шуд. Филмҳои Николай Котяш зиёдтар ҷанбаи равонӣ-фалсафӣ доранд. «Хонаи аз даст рафта» ва «Беҳтарин ходим» аз филмҳои шинохтаи Николай Котяш дониста мешаванд.

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97