Озмуни “Суруди Ватан” ба муносибати ҷашни Истиқлол

Хабари хуб 04.05.2016 18:23

Дар остонаи 25-умин солгарди истиқлоли кишвар озмуни овозхонӣ, навозиши мусиқӣ, оҳангсозӣ ва рақс баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, баргузории фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "Суруди Ватан" бахшида ба санаи муҳимми истиқлоли кишвар дар назар аст: «Озмун дар остонаи таҷлил аз 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.»

Ҳадаф аз баргузории фестивал дарёфти истеъдодҳои тоза; аз ҷумлаи овозхонон, навозандагон, раққосон ва тарғиби истеъдодҳои асил маънидод мешавад.

Дар иттилоияи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон омадааст: "Иштирокчиёни ҷашнвора-озмун истеъдоди худро дар бахшҳои сурудхонӣ (жанри академӣ, мақом, сурудхонии анъанавӣ, эстрада ва фалак), навозандагӣ (асбобҳои миллӣ ва аврупоӣ, ансамбл, оркестр), оҳангсозони ҷавон, рақс (якка ва гурӯҳӣ) муаррифӣ хоҳанд кард".

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97