17 зарбаи корд; зан намурд, сӯиқасдгар боздошт шуд

Хабари хуб 28.04.2016 06:20

Марди боздоштшуда ба хонаи як зани 31 сола дар шаҳри Турсунзода ворид шуда, дар пайи муноқиша бо ӯ, ба бадани зан 17 корд задааст.

Зан пас зарби 17 корд зинда монда, алъон дар бемористон бистарӣ аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, бо гумони захмдор кардани ин зан сокини шаҳри Турсунзода боздошт шудааст.

Ба иттилоъи манбаъ, гумонбаршаванда 25-уми апрел тахминан соати 13:10-дақиқа, вориди хонаи ин зан шуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди дар дасташ буда, 17-маротиба ба узвҳои бадани зан задааст.

 Дар ҳоли ҳозир нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуда, тафтишот идома дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97