Ҷангу сулҳи Афғонистон дар Академияи илмҳои ҶТ баррасӣ шуд

Хабари хуб 25.04.2016 18:21

Имрӯз 25 апрели соли 2016 Конфронси илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Вазъи сиёсию низомии Афғонистон ва масъалаҳои муносиботи Тоҷикистону Афғонистон» дар Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Дар ин конфронс донишмандон ва коршиносони Академияи илмҳо, ВКД, ВКХ, АНМН назди Президент, вазорати энергетика ва захираҳои об, вазорати фарҳанг ва сафирони кишварҳои Русия, Афғонистон, Қазоқистон, Узбакистон, ҳамчунин намояндагони сафоратҳои Қирғизистон ва Ҷопон ширкат варзиданд.

Дар конфронси мазкур мавзуъоти вазъи низомӣ ва сиёсии Афғонистон баъд аз хуруҷи нируҳои эътилоф, дастовард ва чолишҳои Ҳукумати ваҳдати миллӣ, вазъияти амниятӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақа, мушкилоти музокироти сулҳ, мубориза ба муқобили қочоқи маводи мухаддир, ДИИШ ва мавқеи Тоҷикистон дар ҳалли низоъи мусаллаҳона дар кишвари ҳамсоя мавриди баррасӣқарор гирифт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97