Омӯзиши сохтани бренд ва мудирияти он барои мӯдсозони тоҷик

Хабари хуб 16.04.2016 19:32

Бозоршиносон (маркетолог), тарроҳон ва соҳибкороне, ки дар бахши мӯд фаъолият доранд, ва ҳамчунин намояндагони корхонаҳои дӯзандагӣ аз як давраи омӯзишии серӯза доир ба сохтани брэнд ва мудирияти он баҳра бурданд. Ин давраи омӯзишӣ аз 13-ум то 15-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд доир шуд.

Давраи омӯзишии мазкурро ширкати маъруфи сингапурӣ Textile and Fashion Industry Training Center (TaF.tc International) дар чаҳорчӯби тарҳи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) баргузор кардааст. Тарҳи МТБ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯби Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Дар давраи омӯзиши  “Сохтани брэнд ва мудирияти он” ҷиҳати назариявӣ ва амалии сохтани брэнд ва қабули он аз ҷониби муштарӣ, истифодаи василаҳои бозорёбӣ ба ҳайси асос ҳангоми брэндсозӣ, мудирияти он ба воситаи тарғибот ва мустаҳкамгардонии мавқеъи он дар бозор таълим дода шудааст. Ин барномаи таълимӣ ба ширкаткунандагон имкон фароҳам оварда, то ки дониши худ доир ба тарҳрезӣ ва иҷрои тарҳи брэндсозии худро аз оғози пайдоиши идея то ба анҷом - пешниҳоди брэнд ба ҷомеа, тақвият бидиҳанд.

Делла Нг, тренери ширкати TaF.tc International, ки ин давраи таълимиро барои мутахассисони тоҷик баргузор намуд, барномаи мазкурро ҷиҳати баланд бардоштани огаҳӣ аз мудирияти брэнд қатъан тавсия медиҳад. Бону Нг мегӯяд: «Иштирокдорони давраи омӯзишии мо муайян кардани ҷанбаъҳои қавӣ ва заифи брэндсозӣ, муайян кардани қишри муштариёни ҳадафнок, сохтани брэнди нодир, таҳияи исм ва нишонии мантиқиву мақсаднок барои брэнд, ва пайванди ҳамаи ин донишҳо бо стратегияи фурӯш ва роҳёбӣ ба бозорро омӯхтанд».

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97