Ёқуб Салимов аз зиндон озод мешавад

Хабари хуб 28.01.2016 08:27

ys

Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки соли 2005 бо ҳукми Додгоҳи олии Тољикистон ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд, аввали тобистони соли ҷорӣ аз зиндон озод хоҳад шуд.

 

 

 Хабаргузории «Азия-Плюс» бо такя бо як манбаъ аз Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар ин бора хабар додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, бо назардошти мавриди амал қарор гирифтани қонуни афв нисбат ба Ёқуб Салимов, ӯ тахминан ахири моҳи май ва ё аввали моҳи июн озод хоҳад шуд.

Зимнан, дар нишасти хабарие дар рӯзи 18 январ раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён дар ин маврид изҳор дошт, ки Суди олии Тоҷикистон ҳукми худро аз 24 апрели соли 2005 нисбат ба собиқ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Ёқуб Салимов тағйир надодааст.

Раиси Суди олии Тољикистон афзуд, ки муҳлати анҷоми ҷазои Ёқуб Салимов, ки ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд, дақиқ намедонад ва ба хабарнигорон машварат дод, то аз Вазорати адлия дар ин бора суол кунанд.

Бояд гуфт, ки 30 январи соли гузашта зимни нишасти хабарӣ дар Додситонии кули кишвар қайд шуд, ки аз муҳлати ҳабси Ёқуб Салимов, ки ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд, бо назардошти татбиқи афв нисбати ӯ ҳудуди як сол боқӣ мондааст. Он замон дар Додситонии кул эҳтимол зада мешуд, ки Ёқуб Салимов нимаи моҳи декабри соли 2015

озод хоҳад шуд.

Ҳанўз дар соли 1997 Ёқуб Салимов барои қасди анҷоми табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ муттаҳам мешуд, ки ў кишварро тарк кард, аммо соли 2003 дар Русия боздошт ва баъди чанде ба Душанбе истирдод шуд.

Додгоҳи Ёқуб Салимов пушти дарҳои баста 5 моҳ давом кард ва 24 апрели соли 2005 Додгоҳи олӣ ӯро ба 15 соли зиндон бо низоми шадид ҳукм кард. Ӯ ба хиёнат ба ватан дар шакли суиқасд бо мақсади ғасби ҳокимият, бандитизм, суистифода аз мақоми хидматӣ айбдор дониста мешуд ва бо қарори додгоҳ аз тамоми рутбаҳои ҳарбӣ ва мукофотҳои давлатӣ маҳрум гардид.

Ёқуб Салимов дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1993) фармондеҳи яке аз дастаҳои Фронти халқиро бар уҳда дошт. Пас аз сари қудрат расидани ҳукумати феълї дар моҳи декабри соли 1993 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шуд. Соли 1995 аз ин мансаб барканор ва ба ҳайси сафир ба Туркия фиристода шуд, ки дар он ҷо беш аз як сол фаъолият дошт. Пас аз бозгашт ба Душанбе то соли 1997 раҳбарии Кумитаи гумруки Тољикистонро бар уҳда дошт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97