Зуком ва миллати сахтҷон

Хабари хуб 21.01.2016 07:56

svinoigrippti-8Вогиршиносони тоҷик  вируси зукоми зимистони имсоларо нисбати солҳои гузашта давомдору таъсиргузор ва давраи табобати онро тӯлонтар арзёбӣ мекунанд.

Ба гуфтаи мутахасисони тоҷик, вируси зуком (грипп), ки аз он Н-3 ном мебаранд, шакли дигаршудаи вируси зукоми хук буда, чанд сол боз бо дигар кардани гени худ дар гардиш аст. Сокинон ҳам аз аломатҳои фарқкунандаи ин зуком сӯҳбат мекунанд ва мегӯянд, ки табобати он ба осонӣ даст намедиҳад.

Зукоми имсола бо гарм омадани зимистон домани худро ба шаҳру рустоҳо паҳн карда, то ҳол садҳо нафарро аз пой афтонидааст. 

Аммо оё ҷилавгирӣ аз H-3 имкон дошт ва оё  ваксинаи зидди грипп метавонист ҷараёни маризиро сабуктар кунад?

Миралӣ Камолов, сардори Раёсати назорати давлатии эпидемологии Вазорати тандурустӣ  ба «Озодӣ» гуфтааст, ки ин беморӣ мавсимӣ аст ва аз моҳи октябр то моҳи апрел давом мекунад.  Ин манбаъ гуфтааст, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ ягон ваксина ё эмдору гузаронида наметавонем, зеро айни ҳол чунин шароитро надорем.

Тоҷикистон бори охир шаш соли пеш бар зидди зукоми парранда эмгузаронии миллиро анҷом дод. Аммо бо таваҷҷуҳ ба он ки нархи як ваксинаи зиддизуком 7 доллар арзиш дорад, мақомоти тандурустӣ аз роҳандозии чунин маърака дар кишвар худдорӣ кардаанд.

Агарчӣ зимистони имсола гарм омадааст, аммо ба бахти мо тоҷикон табибон мегӯянд, ки бемории зуком дар ин мавсим авҷ хоҳад гирифт. Авҷи навбатии зуком дар моҳи феврал пешбинӣ мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97