Мусобиқаи тамаллуқ дар Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон дар ҷои панҷум

Хабари хуб 06.08.2015 13:52

 

kari

    Дар натиҷаи як назарсанҷӣ маълум шудааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қаламрави Иттиҳодидавлатҳои мустақил (ИДМ) аз нигоҳи чоплусӣ ва тамаллуқ пешқадам ҳастанд.

Сомонаи "CA-NEWS" тайи як моҳи ахир  бо анҷоми як назарсанҷии интерентӣ эълом кардааст,  ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нигоҳи чоплусӣ ва тамаллуқ  ба ҳукуматдорон  дар ИДМ пешгом мебошанд.

Бар асоси ин гузориш, Узбакистон бо 48,8 дарсад дар садри кишварҳои минтақа қарор дорад,  ки  дар он ҷо ба мақомоти давлатӣ чоплусӣ ва тамаллуқ бештар сурат мегирад.

Туркманистон дар ин раддабандӣ бо 22, 7 дарсад мақоми дувумро  касб кардааст.

Натиҷаи ин назарсанҷӣ нишони медиҳад, ки Қазоқистон бо 18,7 дарсад, Қирғизистон  бо 18,4 дарсад ва дар раддаҳои сеюм ва чаҳорум  қарор гирифтаанд.

Тоҷикистон  бо 14,6 дарсад  ҷои панҷумро ба худ ихтисос додааст.

Дар ин назарсанҷӣ, ки аз охири моҳи июн  то поёни моҳи июли соли ҷорӣ анҷом  шудааст, 6 668 нафар аз корбарони интернет аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ ширкат кардаанд.

Дар ин раддабандӣ камтарин мизони чоплусӣ ва тамаллуқ  дар Гурҷистон ва Молдова мушоҳида шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97