Ҳукумати Афғонистон муаррифӣ шуд, писари Раббонӣ вазири хориҷа мешавад

Хабари хуб 15.01.2015 15:51

sub-afghan-superJumboҲукумати Афғонистон иборат аз 25 нафар эълон шуд. Дар ин кобина, 36 дарсадро паштун, 28 дарсадро тоҷик, 12 дарсадро ҳазора, 8 дарсадро узбакҳо ва 4 дарсадро туркманҳо ташкил медиҳанд.

Аз ҷумла дар ин ҳукумат 9 паштун ба курсии вазирӣ нишаста, ки 7 тани онро Ашраф Ғанӣ ва ду нафар паштунро ҳам Абдулло Абдулло муаррифӣ кардааст. Аз 7 тан вазири тоҷики ба вазорат нишаста 6 нафарро Абдулло Абдулло ва танҳо як тоҷикро Ашраф Ғанӣ ба а курсии вазорат пешниҳод кардааст.

Дар ин ҳукумат 5 ҳазора, ду ҳазора ба намояндагӣ аз Ғанӣ ва 3 намоянда аз суи доктор Абдулло муаррифӣ шудаанд. Ғанӣ ҳамчунин ду узбакро ба курсии вазорат нишонда ва Абдулло низ ба узбакҳои ҷонибдори худ як курсии вазорат додааст. Аҳли исмоилиёни Афғонистон низ, ки аслан тоҷик ҳастанд, як курсии вазорат касб намудаанд. Туркманҳоро низ як вазир дар ин ҳукумат насиб шудааст.

Барҷастатарин узви ин ҳукумат Салоҳиддин Раббонӣ аст, ки ба мақоми вазорати умури хориҷа пешниҳод шудааст. Ӯ дар интихоботи гузашта ба сурати сарсахтона аз доктор Абдулло ҷонибдорӣ кард ва танҳо шахсияти бонуфуз ва саҳим дар корзорҳои интихоботӣ аст, ки ба курсии вазорат расида. Генерал Улумӣ ҳам, ки вазорати дохиларо бояд соҳибӣ кунад, аз пуштибонони доктор Абдулло буд. Дигар аъзои муаррифишуда ё дар интихобот саҳм надоштанд ва ё камтар шинохташуда буданд. Ҳоло масъала ин аст, ки оё ин 25 нафар хоҳанд тавонист, ки аз Маҷлиси намояндагон раъйи эътимод бигиранд?

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97