Менеҷерони ҷавон аз “МегаФон” сабақ мегиранд

Хабари хуб 04.12.2014 14:22

tartap 1Дар макотиби олии Тоҷикистон дарсҳои омӯзишӣ гузаронда шуданд, ки зимни онҳо соҳибкорони оянда дар бораи оғози дурусти корҳои марбута маълумот пайдо карда, маслиҳатҳои муфиди амалиро, ки  дар оғоз кардани тиҷорати хусусӣ кӯмак хоҳанд кард, ба даст оварданд. Ин иқдом аз ҷониби ширкати “МегаФон” роҳандозӣ шудааст.

Дарси якуми омӯзиширо кормандони “МегаФон” барои донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор карданд. Роҳбари гурӯҳи лоиҳавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Александр Шамилов доир ба қадамҳои нахустини соҳибкороне, ки аллакай дар солҳои донишҷӯӣ муваффақиятро ба даст овардаанд, ва ҳамчунин доир ба роҳҳои бадастоварии муваффақият дар “МегаФон” ба менеҷерони оянда маълумоти муфассал расонд. Дар дарси омӯзишӣ инчунин соҳибкор Ҷаҳонгир Забиров, ки, дар навбати худ, доир ба  таҷрибаи худ дар самти роҳандозии лоиҳаҳои бомуваффақ маълумот дод, иштирок дошт. Ҳамчунин у доир ба бурду бохти соҳа маълумот дод, то ки соҳибкорони ҷавон онҳоро дар оянда пешгирӣ карда тавонанд. 

Ҳамчунин, чанде пас аз вохӯрӣ донишҷӯёни Донишгоҳи технологӣ ба идораи марказии “МегаФон” ташриф оварданд. Онҳо бо сохтор ва усули кор дар ширкат, ки зиёда аз 600 мутахассисони соҳаҳои гуногунро дар бар гирифтааст, ошнои пайдо карданд. Меҳмонон аз Маркази тамос, шӯъбаи идораи фаврӣ-техникӣ, Департаменти техникӣ ва Департаменти технологияҳои иттилоотӣ боздид карданд. Дар шӯъбаи ИФТ нафарони аз ҳама далер кӯшиш карданд, ки кори корманди “навбатдор”-ро ба иҷро расонанд: бо кӯмаки мутахассисон ба шахсони масъул оид ба хизматрасонии техникӣ занг зада оид ба ҳолати истгоҳҳои иртиботи бесим огоҳ шуданд. “Барои ман, чун ба менеҷери оянда ҳамеша ҷолиб буд, ки чӣ тавр ин қабил ширкатҳои бузург идора карда мешаванд. Имрӯз ман фаҳмидам: агар система дуруст ба роҳ монда шаваду шароити хуби корӣ муҳайё шаванд, муваффақият аллакай кафолат дода шудааст. Аз назария ҳамаи инро ман албатта медонистам, вале “шунидан кай бувад монанди дидан!”” – изҳор дошт яке аз иштирокчиёни экскурсия Зебо Ҳалимова. Донишҷӯён инчунин ба намуду ороиши ҳуҷраҳои корӣ аҳамият доданд. Бахусус диққати онҳо ба ҷомҳо, сипосномаҳо ва дипломҳои, ки кормандони “МегаФон” барои фаъолияти худ ва дастовардҳои варзишӣ гирифтаанд равона гардида буд. Акнун донишҷӯён дақиқ медонанд: Дар ширкате, ки сокинони Тоҷикистонро бо иртиботи боэътимод ва босифат таъмин менамояд, кормандони баландихтисос фаъолият мекунанд. 

tartap 2Дарси дуюми омӯзишӣ, ки ба гузоштани қадамҳои нахустини бомуваффақ бахшида шуда буд, дар факултаи иқтисодии Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон баргузор шуд. Ин маротиба ба намояндаи “МегаФон” президенти ширкати “Тетис Таджикистан Лимитед” Назир Шарифӣ кӯмак мекард. Назир Шарифӣ роҳҳои оғози тиҷорат ва бо кадом роҳҳо пеш бурдани идеяҳои худро нақл кард. Зиёда аз ин маслиҳатҳои номбурда дар соҳаи тайм-менеҷмент хеле аҳамиятнок буданд. Ҳамин тариқ, Шарифӣ қайд намуд, ки “меҳнатдӯстон”-и то бевақтӣ кор мекарда, яқинан, ҳоло дуруст ба нақша гирифтани рӯзи худро ёд нагирифтаанд. 

“Гузаронидани ин қабил дарсҳои омӯзишӣ – кори басо муфид аст. Онҳо ҷавононро ҳавасманд мегардонанд. Дар рафти дарсҳо ман дар чашмони донишҷӯён шавқи беандозаро нисбати ин мавзӯъ мушоҳида кардам. Ман хушҳол аз онам, ки донишҷӯёнро аз донишҳо ва таҷрибаи худ огоҳ намудам. Ба “МегаФон” барои даъват миннатдорӣ баён менамоям!” -  мегӯяд Назир Шарифӣ. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97