Саҳми шаҳрдорӣ дар дастурхони идона

Хабари хуб 01.10.2014 18:47

Dastarkhoni idonaРаёсати шаҳри Душанбе 30 сентябри соли ҷорӣ зимни як ҷаласаи ихтисосӣ дастурҳои хешро барои ғанӣ гардонидани дастурхони идонаи сокинон ба ифтихори Иди Қурбон ба масъулин ироа намуд.

Шавкат Саидов, котиби матбуотии раёсати шаҳри Душанбе ба рӯзномаи Миллат гуфт, ки рӯзҳои 3 - 4 октябри соли 2014 мутобиқ ба он бо ҷалби потенсиали Корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори  Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Қарияи боло» ва дигар бозорҳои хусусӣ дар тамоми бозорҳои дар марзи шаҳр фаъолияткунанда ярмарка- фурӯши маҳсулоти кишварзию саноатӣ доир мешавад.

Зимнан  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе вазифадор шуданд, ки назорати санитарию эпидемиологӣ, ветеринарӣ ва беҳдошти маҳсулоти кишоварзӣ ва чораҳои зиддисӯхториро дар бозорҳои истеъмолии шаҳр пурзӯр намоянд.

Фирдавси Давлат, «Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97