Русия муҳоҷирони хориҷии ғайриқонуниро афв мекунад

Хабари хуб 25.09.2014 16:25

uk-passportХадамоти федеролии муҳоҷирати Русия аз пешниҳоди тарҳе хабар додааст, ки бар асоси он заминаи афви коргарони муҳоҷири хориҷии ғайримуҷоз ё ғайриқонунӣ дар қаламрави ин кишвар фароҳам мешавад.

Сайти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия иттилоъ нашр карда, ки раиси ин хадамот эълом кардааст, пеш аз ин, саҳмияи коргарони муҳоҷири хориҷӣ роиҷ буд, аммо акнун бар асоси ниёзҳои ҳар минтақаи Русия, гирифтани муҷаввизи лозимӣ барои кор ва иқомат эъмол мешавад, ки масъулияти иҷро шудани ин муқаррарот низ бар дӯши ҳукуматҳои маҳаллӣ аст.

Константин Рамадоновский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯяд, ки қимати ин муҷаввиз ё иҷозатнома барои минтақаҳое, ки ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ ниёзи бештаре доранд, пойинтар ва барои минтақаҳое, ки ниёзи камтаре ба ин афрод вуҷуд дорад, бештар хоҳад буд.

Ба гуфтаи ӯ, барои афви он идда аз коргарони муҳоҷири хориҷӣ, ки дар қаламрави Русия ба таври ғайримуҷоз кор мекунанд, як давраи семоҳа дар назар гирифта мешавад то дар ин муддат худро муаррифӣ ва муҷаввизи расмии кор ва иқомат дарёфт кунанд. Вай гуфт: "Бидуни шубҳа ин як василае метавонад бошад, ки ба шаҳрвандони корҷӯ имкон диҳад қонунӣ дар Русия меҳнат кунанд. Гумон мекунам ин се моҳро барои онҳое бояд дод, ки дар Русия ғайриқонунӣ ҳузур доранд ва ин фурсатест, ки метавонанд аснодашонро дуруст кунанд ва ҳузури худро қонунӣ гардонанд".

Бар асоси ин гузориши расмӣ Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин кишвар беш аз 1 миллиону 500 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври расмӣ ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекунанд, аммо коршиносон омори шаҳрвандони ғайриқонунии кишвар дар Русияро, ки бештар ба кори мавсимӣ машғул ҳастанд, байни 500  то 600 ҳазор нафар тахмин мезананд.

Ин афрод соли гузашта 4 миллиарду 20 миллион доллар ба кишвари худ маблағ ирсол карда буданд. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97