Таэквондочиён устувории шабакаи «МегаФон»-ро санҷиданд

Хабари хуб 19.08.2014 12:12

tekwandoo

14 августи соли 2014г. Тоҷикистон. Душанбе. «МегаФон» дар рафти Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо, ки бори нахустин дар Тоҷикистон баргузор гардид, алоқаи боэътимод ва Интернети баландсуръатро таъмин намуд. Дар вақти ҳамаи чорабиниҳои мутобиқи барномаи Чемпионат пешбинишуда ширкати «МегаФон» бомуваффақона ба сарбории зиёдшуда тоб оварда тавонист. 

 Барои иштирок дар чемпионат ба Душанбе зиёда аз 700 иштирокчиён аз 52 кишвари дунё ҳозир шуданд, ки 60 бастаи медалҳоро бурд намуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 35 медалро ба даст оварда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Ба сифати оператори расмии алоқаи Чемпионати ҷаҳон ширкати «МегаФон» баромад намуд.

Омдагии худро ба чунин рӯйдоди бузурги варзишӣ оператор муддатҳо пеш аз оғози мусобиқаҳо оғоз намуда буд.

«Дилхоҳ чорабинии ин сатҳ – садҳо иштирокчиён ва ҳазорҳо мухлисонро ҷамъ меоварад. Муштариёни мо бевосита аз минбарҳо аксҳои чемпионатро ба интернет гузошта, пахшҳои мустақимро аз ҷойҳои худ анҷом медиҳанд. Ин маънои онро дорад, ки ба онҳо суръати баланди дастрасӣ ва ғунҷоиши калони шабака зарур меояд. Бо мақсади он, ки ҳамаи хоҳишмандон дар шароитҳои ба маротиб зиёдшавии сарбории шабака бидуни мушкилӣ аз интернет истифода бурда тавонанд, мо корҳои зиёдро дар самти васеъкунии шабака анҷом дода, тамоми имкониятҳоро барои доир гардидани чемпионат дар сатҳи олӣ ба кор бурдем», - мегӯяд Денис НИКИТИН, муовини аввали директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон». 

 Дар вақти мусобиқаҳо ҳаҷми трафики таҳвили маълумоти шабакаи «МегаФон» 2,5 маротиба афзуд: агар қаблан муштариёни ширкат дар ҳудуди маҷмааи варзишӣ дар 1 соат 1 Гб. интернетро истифода мебурда бошанд, дар рӯзҳои чемпионат ин нишондиҳанда ба ҳисоби миёна 2,5 Гб./соатро ташкил дод. Танҳо дар як рӯз аз дастрасӣ ба интернет тариқи Wi-Fi беш аз 300 муштариён истифода бурданд, ки дар ин вақт беш аз 400 Гб Трафики интернет харҷ шудааст. Дар ҷараёни чемпионат мутахассисони «МегаФон» фаъолияти шабакаро дар реҷаи онлайн мавриди назорат қарор дода буданд. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97