Варзишгарон аз 50 кишвари ҷаҳон тариқи “МегаФон” дар тамос мебошанд

Хабари хуб 31.07.2014 12:32

logotext

 “МегаФон” ҳамчун - Фароҳамгари расмии иртиботи  Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо, ки  аз 2 то  11 августи соли ҷорӣ дар  шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баромад мекунад. Ширкат ҳайати доварони хориҷиро бо SIM-корт таъмин карда, инчунин дар маҷмаъаи варзишии “Элит” минтақаи Wi-Fi-ро ба таври ройгон фароҳам месозад. 

 Бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон бо ибтикори  Федератсияи миллии таэквондо ва  кикбоксинг ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон Ҷоми ҷаҳон байни наврасон  ва собиқадорон оид ба  таэквондо баргузор мешавад. Дар Чемпионат иштироки беш аз 600 варзишгар аз 50 кишвари ҷаҳон пешбинӣ шудааст. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибон ва ҷоизадорони Чемпионатҳои  ҷаҳон байни наврасон - Одинаев Илҳом ва Муродзода Муҳаммадшариф, инчунин ғолибони Ҷоми  Осиё – Гулрӯ ва Гулноз Хоҷаеваҳо, Ширин Набиева, Азиза Ғанизода, Фотима Маликзод дохил шуданд. Дар давоми ҳафта варзишгарон барои 130 бастаи медал рақобат хоҳанд кард.

 “МегаФон” фароҳамгари расмии иртиботи  Ҷоми ҷаҳон шуд. Ширкат  ҳайати доварони хориҷиро бо SIM-корт таъмин мекунад. Истифода аз оператори ягона  ба меҳмонон имкон медиҳад, ки  ба таври ройгон байни худ ба унвони аъзои гурӯҳи дастаҷамъӣ муошират бикунанд.  Ҳамчунин тамошобинон метавонанд дар минтақаи Wi-Fi-и “МегаФон”   дар ҳудуди маҷмаи варзишӣ аз интернет ройгон истифода баранд. 

 “Таъмини меҳмонони хориҷӣ бо иртиботи босифату боэътимод  – ин меъёри чорабиниҳои бонуфузи сатҳи байналмиллалӣ мебошад. Мо дорои таҷрибаи дастгирии муштараки ин қабил чорабиниҳо ҳастем, гуфт директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Андрей ШИШКОВСКИЙ.  Мо  мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини  самбо ва гӯштини омехта барои дарёфти Ҷоми “Исмоили Сомонӣ”, Ҷоми Осиё оид ба таэквондо, фестивали  Ушу ва дигар мусобиқоти сатҳи баландро дастгирӣ карда будем. Далели он ки ширкати мо ба унвони  фароҳамгари иртиботи Ҷоми ҷаҳон оид ба  таэквондо интихоб шудааст – ин масъулияти бузург аст. Мо кӯшиш мекунем, ки  боварии   баргузоркунандагон ва варзишгаронро, ки аз тамоми ҷаҳон ба Душанбе меоянд ва аз иртиботи “МегаФон: истифода мебаранд сазовор шавем. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97