Дар Бишкек китобҳои тоҷикӣ чоп мешавад

Хабари хуб 11.07.2014 11:34

Alifbo bishkekВазорати омӯзиш ва илми Қирғизистон мақсад гузоштааст ба чопи китобҳои дарсии тоҷикӣ иқдом намояд. Дар ин бора Қодиршои Мурувват, муовини раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ хабар дод.

Вай гуфт: "Дар мулоқоте, ки ахиран бо Кенҷехон Юсупова, корманди масъули вазорати омӯзиш ва илмҳои Қирғизистон анҷом гирифт, қарор шуд то оғози соли таҳсилии 2014-2015 китобҳои забони модарӣ ва хониш барои синфҳои дуввум ва сеюм чоп шуда, ба мактабҳои тоҷикии вилоятҳои Ош ва Боткан фиристода шавад.

Ба гуфтаи ин масъули Созмони Рӯдакӣ, ин  иқдоми накӯ як сол қабл дар вохӯрии Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон бо ҷениш Содиқов, вазири омӯзиш ва илми  ин кишвари ҳамсоя баррасӣ гардид. Дар ин мулоқот тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки вазорати омӯзиш ва илм пас аз дарёфти  шакли электронии китобҳои тоҷикии чопи Душанбе, бо ворид кардани тағйироти ҷузъӣ ба он, нашр мекунанд.

Кенҷехон Юсупова изҳор дошт, ки барои анҷоми ин кор Ҳурматхон Аҳмадалиева, мудири қисми илмии матаби миёнаи ба номи Садриддин Айнӣ дар вилояти Бодкан ва Истадой Турсунова, котиби масъули Созмони Рӯдакӣ масъул шудаанд.

Зимнан, ин ҳарду омӯзгор ду сол қабл дар таҳияи "Алифбо"-и тоҷикӣ нақши асосиро гузошта буданд ва ҳоло толибилмони тоҷик бар асоси ҳамин китоб ба дунёи зебои  забони модарӣ ворид мешаванд. Вазорати омӯзиш ва илми ин кишвар қарор додааст ба тадриҷ дигар китобу воситаҳои таълимӣ ба забони тоҷикиро таҳия ва нашр намояд.

Дар Қирғизистон дар ҳоли ҳозир се мактаби соф тоҷикӣ мавҷуд буда, дар шаш мактаби дигар синфҳои тоҷикӣ амал мекунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97