Ифтори тоҷикӣ дар "Чодари рамазонӣ"-и Маскав

Хабари хуб 10.07.2014 18:36

Shatriyt ramadan 1Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳамкорӣ бо созмонҳои муҳоҷирони тоҷик, дар чодари рамазонии Маскав маросими ифторро доир карданд.

Ба гузориши сайти сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар ин маросим, ки бо ҳузури намояндагони идораи муфтиёти Маскав, масъулони созмонҳои муҳоҷирон, сафирони кишварҳои исломӣ, донишмандон ва чеҳраҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ баргузор шуд, сафири Тоҷикистон дар Русия аз эҳтироми вижаи мардуми тоҷик ба дини ислом ва одобу русуми онон дар моҳи мубораки рамазон сухан гуфтааст.

Имомиддин Сатторов таъкид карда, ки моҳи рамазон беҳтарин фурсат барои тақвияти рӯҳияи ваҳдат ва якпорчагӣ миёни уммати исломӣ аст, ки тайи қарнҳои тӯлонӣ, нақши созандае дар тарбияти наслҳои мусалмонон ифо кардааст.

Элдор Алоуддинов, муфтии мусалмонони шаҳри Маскав ва масъули Кумитаи баргузории "Чодари рамазонӣ" дар пойтахти Русия гуфтааст, ки ҳадаф аз ин барнома, наздикии қалбҳои мусалмонон ва эҷоди ваҳдат миёни пайравони адёни мухталифи сокини Русия аст, ки дар канори ҳамдигар зиндагии мусолиматомезе доранд.

Бар асоси суннате, ки тайи даҳ соли ахир дар Русия ривоҷ ёфтааст, "Чодари рамазонӣ"  дар Маскав то поёни моҳи мубораки рамазон барпо мебошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97