"МегаФон" меҳмонони ярмаркаи тиҷоратии "Суғд-2014"-ро аз 10 кишвари ҷаҳон бо алоқа таъмин намуд

Хабари хуб 09.07.2014 18:49

Megafon T Y25-26 июн дар Хуҷанд ярмаркаи тиҷоратии минтақавии "Суғд-2014" барпо гардид, ки шарики асосӣ ва оператори расмии алоқа  ширкати "МегаФон" гардид.  Дар доираи ҳамкорӣ оператор меҳмонони чорабиниро аз 10 кишвари ҷаҳон бо алоқаи мобилӣ таъмин намуд.

Дар Суғд ярмаркаи тиҷоратӣ аввалин маротиба шуда гузашт ва дар ҳаёти минтақа рӯйдоди муҳиме гардид. Дар он хоҷагидорҳои калони фермерӣ ва ширкатҳои коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ширкатҳои нақлиётӣ-логистӣ, бонкҳо, намояндаҳои вазоратҳо ва муассисаҳо, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Мақсади ярмарка муҳайё намудани шароитҳо барои танзими робитаҳои  расмӣ миёни мулкдорони вилояти Суғд ва Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ ва истеъмолкунандагони эҳтимолӣ аз Росссия, Қазоқистон, Белорусия, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Эрон ва дигар кишварҳои хориҷӣ буд. Дар доираи ярмарка Форуми сеюми тиҷоратӣ-инвеститсионии байналхалқии "Иқтидори содирот ва рушди савдои байналхалқӣ", инчунин иди зардолу ва чошнигирии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ шуда гузашт.    

 "МегаФон"  шарики асосӣ ва оператори расмии алоқаи ярмаркаи тиҷоратӣ шуд. Ширкат Wi-Fi-минтақаро бо дастрасии интернети бе парол, инчунин  минтақаи фароғатиро (лаундж-зона) ташкил намуд, ки дар он меҳмонон тавонистанд истироҳат намуда, планшетҳо ва смартфонҳои навинро аз "МегаФон" санҷанд ва  ба шабака ворид шаванд. Дар майдончаи Ширкат  бо "лавҳа-спичбаблаҳои" шавқовар сурат гирифта, онро ба гурӯҳи "МегаФон" дар Фейсбук имконияти гузоштан буд.  Меҳмонони фахрии майдончаи оператор раиси вилояти Суғд Абдурахмон Қодирӣ, сафири Полша дар Тоҷикистон   Мариан Пшездеский, ҳайати вакилон аз кишварҳои хориҷӣ буданд.   

Ба иштироккунандагони ярмарка, ки аз 10 кишвари ҷаҳон ташриф оварда буданд, ширкати "МегаФон" Сим-кортҳоро бо нархномаи корпоративӣ пешниҳод намуд, ки  онҳо имконият доштанд, байни худ ройгон сӯҳбат намоянд. 

"Мо ҳамаи чорабиниҳои калони ҷумҳуриявӣ ва минтақавиро аз қабили: Рӯзи Истиқлолият, Наврӯз, Чемпионатҳо оид ба тэквандо ва ғ. дастгирӣ менамоем. Ярмаркаи тиҷоратии Суғд - яке аз ин  рӯйдодҳост. Он намояндагони пешбари соҳаи хоҷагии қишлоқро аз даҳ кишвари ҷаҳон дар як макон ҷамъ овард ва барои онҳо муҳим буд, ки бо шарикони худ аз Тоҷикистон бе мамониат сӯҳбат намуда, вохӯриҳо таъин намоянд, оиди бастани шартномаҳо ва гузаронидани гуфтушунидҳо қарор қабул намоянд. Барои ҳалли масъалаҳои тиҷоратии иштироккунандагон мо онҳоро бо алоқаи мобилии боэътимод таъмин намудем. Боварӣ дорам, ки ин ба онҳо имконият дод вақти худро боманфиат гузаронанд", - гуфт Фирдавс Зеваров роҳбари  Раёсати минтақавии ширкати МегаФон Тоҷикистон дар вилояти Суғд.    

Барои маълумоти муфассал Фируза Бердиева

PR- менеҷери Департаменти кор бо ҷомеаи

ҶСП "TT мобайл", Тоҷокистон

ш.Душанбе, к.Хувайдуллоева 73/2

моб. (+992) 90 1000 484

e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97