Кӯдаки чорсола, ки 13 зарбаи корд хурда буд, фавтид

Хабари хуб 04.07.2014 15:12

kord kushtorНаздикони Аминҷон Назирови 4-сола, сокини шаҳри Турсунзода, ки 25 рӯз пеш аз сӯи ҳамсоязани 23-солааш 13 зарби корд хӯрда буд, мегӯянд пас аз ҳолати сангин дар бемористон ҷон додааст.

Кароматулло Воҳидов, тағои Аминҷон рӯзи сешанбе, 1-уми июл дар як тамоси телефонӣ бо «Озодӣ» гуфтааст, хоҳарзодааш, ки аввал дар беморхонаи Қарияи болои шаҳри Турсунзода ва баъдан дар шаҳри Душанбе табобат мегирифт, аз захмҳои корди расида дар баданаш фавтидаааст ва наздиконаш ӯро имрӯз ба хок супудаанд.

Ин ҳодиса рӯзи 5 июн дар назди хонаи истиқоматии ин кӯдак дар маҳаллаи 1 шаҳри Турсунзода ба амал омада ва ба гуфтаи дафтари матуботи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин ҷиноят аз сӯи шаҳрванд Марҷонаи Файзалӣ 23-сола, сокини ҳамин ноҳия рух додааст. Вазорати корҳои дохилӣ он замон гуфта буд, «Марҷонаи Файзалӣ 23-сола, дар ҳудуди маҳаллаи 1-и шаҳри мазкур шоҳиди он мегардад, ки дар вақти бозии кӯдакон писари ноболиғашро хурдсоли дигари ҳамин маҳалла Аминҷон Назиров, соли таваллудаш 2010 мезанад. Марҷонаи Файзалӣ аз ин кирдори ноболиғ Аминҷон Назиров ба каҳру ғазаб омада, бо худ корд гирифта, ноболиғи 4-соларо ба тарафи камодам, байни буттаҳои марминҷон бурда, бо корди дар дасташ буда 13 маротиба ба узвҳои бадани (қисмҳои шикам, гурда ва тахтапушт) ин хурдсол зада, ҷароҳатҳои халандаву бурранда мерасонад».

Ин манбаъ мегӯяд дар ҳоли ҳозир Марҷонаи Файзалӣ ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.

Аммо наздикони Аминҷон Назирови  4-сола дар суҳбат бо Радиои Озоди гуфтанд, гӯё Марҷонаи Файзалӣ, ки ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари вазнин ба саломатии Аминҷон Назиров, дастгир шудааст, бо пешниҳоди ҳуҷҷати қалбакӣ худро бемории руҳӣ хондааст ва ҳоло дар озодӣ ба сар мебарад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97