Ду муовини директори як мактаб барои дағдағаи "Занги охир" ҷазо гирифтанд

Хабари хуб 19.06.2014 16:45

Оё дигарон "моҳии беайбанд"?!

maktabi-90Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар пайи таҷлили берун аз қоидаи Занги охир, ду муовини директори мактаби 90-ро барканор кардааст.

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе барои иҷро нашудани муқаррароти маъракаи "Занги охир" дар яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе ду муовини директорро аз вазифа барканор кардааст ва директори мактабро ҳам муҷозот мекунад.

Ҳамидуллохон Фақиров, роҳбари раёсати маорифи шаҳри Душанбе рӯзи 17-уми июн ба радиои Озодӣ гуфтааст, ки барканории ду муовини директори мактаби 90-и шаҳри Душанбе дар як ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф сурат гирифтааст.

Хабари барканории директори мактаби 90-ро ҷаноби Фақиров рад карда гуфт, ки директорони мактабҳоро дар шаҳри Душанбе бо қарори шаҳрдорӣ таъин мекунанд ва ҳам барканории онҳо дар салоҳияти шаҳрдорист. Аммо роҳбари раёсати маорифи шаҳр афзуд, директори мактаб беҷазо намемонад ва дар рӯзҳои наздик ҷазо дар ягон шакли муайяншуда нисбати директори мактаб татбиқ мешавад.

Зимнан, маросими Занги охир рӯзи 7-уми июн баргузор шуд. Дар ин рӯз дар як навори видеоӣ, ки дар интернет нашр шуд, дида мешавад, ки дар яке аз мактабҳои миёна хатмкунандагон духтару писарон ҷуфт-ҷуфт аз мошинҳои гаронарзиш поин шуда, ба саҳни мактаб медароянд. Ин ҳам дар ҳолест, ки вазорати маориф бо мошин ба мактаб омадану ба шаҳр сайругашт карданро барои хонандагон манъ кардааст.

Дар навори бо мошинҳо омадани хонандагони мактаб як корманди бозрасии автомобилӣ ҳам намоён аст.

Дар ин навори видеоӣ, ки таҷлили Занги охир дар мактаби 90-и шаҳри Душанбе нишон медиҳад, ҳамчунин чанд омӯзгори ин мактаб намоён аст. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳам ин омӯзгоронро ба хотири дар навор будану "пешгирӣ накардан"-и мошинсавориҳои хатмкунандагон  муҷозот кардааст.

Манъ будани ба мошин рафтани хонандагон ба мактаб дар ҳолест, ки дар ин навор ҳамчуни корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳам дида мешавад, ки ин ҳолатро назорат мекунад, аммо пешгирии он коре намекунад. Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳам дар ин бора хабаре нашр накардааст.

Аммо чанде аз омӯзгорони мактаби 90-и шаҳри Душанбе даст доштанашонро дар ташкили ин "чорабинӣ"-и хатмкунандагон рад мекунанд. Як омӯзгори ин мактаб бо шарти наовардани номаш гуфтааст, ки қабл аз рӯзи Занги охир борҳо хонандагонро огоҳ карда будаанд, ки қоидаҳоро риоят кунанд. Ҳатто аз падару модарон ҳам дар ин бора баёнот гирифтаанд. Аммо гӯё рӯзи Занги охир, як хонанда ба идораи омӯзгорон даромада хабар додаст, ки дар беруни мактаб миёни хонандагон «ҷанг» аст.

Омӯзгороне, ки дар ин навор намоёнанд мегӯянд, маҳз ин хабари хонандаро шунида барои пешгирии ҷанг миёни хонандагон ба кӯча баромадаанд, аммо шоҳиди ба мошинҳо омадани хатмкунандагон гардидаанд. Омӯзгорон ба берун даъват кардани худро, ки дар навор ҳам омадаанд "тарҳрезишуда" медонанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97