Китоб дар пӯсти инсон

Хабари хуб 12.06.2014 17:59

Book-BoundМуҳаққиқони донишгоҳи Ҳорворд муътақиданд яке аз китобҳои қадимие, ки дар китобхонаи ин донишгоҳ вуҷуд дорад, бо истифода аз пӯсти инсон ҷилд шудааст.

Бино ба навиштаи Би-би-сӣ, китоби Фарҷомҳои рӯҳ (Destinies of the Soul)аз соли 1930 дар китобхонаи Ҳовтуни донишгоҳи Ҳорворд нигаҳдорӣ мешудааст.

Он тавр ки ба назар мерасад Орсен Ҳусой, нависандаи китоб, онро дар миёнаҳои даҳаи 18880-90 ба дӯсти худ доктор Лудовик Боланд додааст.

Пас аз он доктор Боланд гӯё китобро бо истифода аз пӯсти ҷасади яке аз беморони зани камтавонзеҳни худ, ки бар асари марги табиъӣ ҷон дода будааст, ҷилд мекунад.

Таърихчаи истифода аз пӯсти инсон дар саҳҳофии китобҳо ба қарни ҳафдаҳум дар Аврупо бозмегардад.

Аснод ва гузоришҳое аз қарни нуздаҳум барҷо монда, ки дар онҳо ба истифода аз ҷасади қатлшудагон дар колбудшикофӣ ва улуми пизишкӣ, масрафи пӯсти онҳо барои саҳҳофии китобҳо ишора шудааст.

Дар дохили ин китоби тозапайдошуда ёддоште аз доктор Боланд қарор дорад, ки дар он навишта рӯйи ҷилди ин китоб барои ҳифзи зебоиаш чизе навишта нашудааст.

Дар ин ёддошт доктор Боланд ҳамчунин навишта ман ин китобро бо истифода аз пӯсти пушти як зан ҷилд кардам ва фикр мекунам китобе, ки дар мавриди рӯҳи одамӣ суҳбат мекунад, шоистаи доштани ҷилде аз пӯсти одамизод аст.

Гумон меравад ин танҳо китоб бо ҷилде аз пӯсти инсон бошад, ки дар яке аз китобхонаҳои донишгоҳи Ҳорворд нигаҳдорӣ мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97