Виктор Иванов: "Интиқолдиҳандагони маводи мухаддир гурӯҳӣ амал мекунанд"

Хабари хуб 02.06.2014 14:57

viktor-ivanovВиктор Иванов, раҳбари хадамоти федералии назорат аз гардиши маводи мухаддири Русия гуфт, ки интиқоли маводи мухаддир дар минтақа шакли гурӯҳӣ касб кардааст.

Виктор Иванов, рӯзи 27-уми май дар шаҳри Душанбе, ки дар анҷоми амалиёти "Қапқони Ҷанубӣ" дар ҳузури хабарнигорон сухан мегуфт, қайд кард, ки интиқоли маводи мухаддир алакай шакли гурӯҳӣ гирифтааст ва  истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон хатар барои сулҳу амнияти кишварҳо аст. "Ду нуқтаи олам - Афғонистон ва Амрикои Ҷанубӣ беш аз 50 дарсади истеҳсоли маводи мухаддирро ташкил мекунанд. Агар дар Афғонистон аз ҳама бештар героину ҳашиш истеҳсол шавад, дар Амрикои Ҷанубӣ какаин тавлид мешавад. Ҳоло дар кишварҳои Осиёи Миёна мо дида истодаем, ки чигуна маводи мухаддир аз марзҳои Қирғизистону Тоҷикистон тавассути водии Фарғона убур мекунанд", қайд кард Иванов. Виктор Иванов гуфт, мубориза бо интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон бояд таҳким бахшида шавад. Ба андешаи Виктор Иванов як сабаби афзоиши қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ин талабот ба ин мавод аст. Амалиёти махсуси зиддинашъамандии "Қапқони ҷанубӣ", ки аз 20 то 25 май дар Тоҷикистон идома дошт имрӯз натиҷагирӣ шуд. Дар маросими ҷамъбасти натиҷаҳо Ҳалим Маҳмудов, муовини директори Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон,  директори хадамоти федеролии Русия оид ба назорати гардиши маводи мухаддир Виктор Иванов, котиби генералии СААД Николай Бордюжа иштирок карданд. Амалиёти шабакаи "Қапқони Ҷанубӣ" дар шӯрои муштараки амниятии Созмони паймони Амнияти Дастаҷамӣ 23-юми сентябри соли 2013 барои ҷилавгирӣ аз интиқоли қочоқи маводи мухаддир роҳандозӣ шуда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97