Президент дар Данғара ба биноҳои «Тоҷиксодиротбонк» бунёд гузошт

Хабари хуб 25.03.2014 20:03

Emomali Rahmon va Tojiddin Pirov dar dangaraЭмомалӣ Раҳмон зимни боздиди корӣ аз ноҳияи Данғара нахуст ба сохтмони корхонаи ресандагӣ ва 10 бинои 9 ошёнаи истиқоматӣ оғоз бахшид.

Сохтмони нахустин корхонаи муосири ресандагӣ дар ноҳияи Данғара ва 10 бинои 9 ошёнаи истиқоматӣ, ки дорои 444 хона хоҳад буд, бо гузоштани санги асосӣ ва нома ба наслҳои оянда аз ҷониби президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Бино ба тарҳи ин сохтмон, корхонаи ресандагӣ бо иқтидори солонаи коркарди 6 ҳазор тонна нахи пахта аз ҷониби роҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк» сохта шуда, бо таҷҳизоти навтарини итолиёӣ то охири соли равон ба кор дароварда хоҳад шуд.

Тибқи нақша, бунёди корхонаи ресандагӣ танҳо оғози кор аст, зеро дар соли 2015 дар ин мавзеъ ҳамчунин корхонаҳои бофандагӣ ва дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз хоҳанд кард, ки дар ин коргоҳҳо коркарди пурраи нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир роҳандозӣ хоҳад шуд.

Дар шафати ин корхона аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 10 бинои 9 ошёнаи истиқоматӣ бунёд мешавад, ки қисмате аз он ба кормандони «Тоҷиксодиротбонк» ва корхонаҳои тобеъи он дода шуда, боқӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Барои ин биноҳо, ки ба як маҳаллаи муҷтамаъи истиқоматӣ табдил хоҳанд ёфт, шабакаи мустақили гармидиҳӣ бунёд меёбад. Дар қабатҳои поёнии биноҳо марказҳои савдо ва хидматрасонӣ ҷойгир мешавад, ки беш аз 100 кас дар он ҷо бо кори доими таъмин хоҳанд шуд. Дар маҷмуъ дар корхонаҳои истеҳсолии «Тоҷиксодиротбонк» ва қабатҳои поёнии биноҳои истиқоматӣ беш аз 1000 ҷойи корӣ муҳайё мегардад.

Ин маҷмаъаи биноҳои истиқоматӣ ва корхонаҳои нассоҷӣ бо харҷи беш аз 60 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфта, танҳо дар замони бунёди ин ҷо беш аз 500 нафар бо кор ва бо маоши муносиб таъмин хоҳанд шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97