Русия дар Узбакистон 660 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст

Хабари хуб 20.03.2014 14:25

Lukoil-Ширкати миллии LUKOIL-и Русия барои иҷрои пружаҳои газӣ дар Узбакистон дар соли 2013-ум 660 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Сармоягузории ин ширкат барои роҳандозии пружаҳои марбут ба газ дар Узбакистон нисбат ба соли гузашта 38 дарсад афзоиш доштааст. Ширкати Лукойли Русия барои иҷрои се тарҳи газӣ дар Узбакистон ва ҳамчунин иктишоф дар баҳри Арал ба унвони бахше аз консорсиюми байналмиллалӣ мутобиқ бо тавофуқи ду кишвар сармоягузорӣ кардааст.

Ин ширкат дар назар дорад, аввалин корхонаи фароварии газро бо зарфияти пардозиши як миллиарду 500 миллион метри мукааб гази табиӣ дар сол дар Узбакистон роҳандозӣ кунад.

Ҳамчунин дар чорчӯби ду тарҳи нахуст дар шароити тақсими фаровардаҳои Лукойл қасд дорад то соли 2017 мелодӣ 18 миллиард метри мукааб газ истихроҷ кунад ва мизони сармоягузориҳоро то панҷ миллиард доллар афзоиш диҳад.

Узбакистон аз лиҳози истихроҷи гази табиӣ мақоми дувумро дар байни кишварҳои ИДМ дорад ва яке аз 10 кишвари истихроҷкунандаи гази табиӣ дар ҷаҳон аст.

Ин ҷумҳурӣ солона наздик ба 70 миллиард метри мукааб гази табиӣ тавлид мекунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97