Латифи Пидром – ҳамватани мо шуд

Хабари хуб 27.03.2012 16:37

Latifi_PidrommШоир, раиси Кунгураи миллӣ ва узви порлумони Афғонистон шаҳрванди ифтихории Тоҷикистон шуд.

Латифи Пидром мегӯяд, ин унвони пурифтихорро дар ҷараёни маросими таҷлили расмии Наврӯз дар шаҳри Кӯлоб, тавассути Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб, дарёфт кардааст.

Ӯ аз лутфи давлату миллати Тоҷикистон изҳори сипос карда ва гуфт, «дарвоқеъ, ин рӯзи беназир дар зиндагии сиёсӣ ва фарҳангии ман ба унвони як тоҷик аст."

Латифи Пидром аз сӯи Анҷумани "Пайванд" ба манзури ширкат дар ҷашнҳои марбут ба "Наврӯзи байналмилалӣ - 2012"  ба Тоҷикистон даъват шудааст ва ӯ рӯзи 22-юми март бо ҷамъе аз меҳмонон дар барномаҳои таҷлили расмии Наврӯз дар маркази шаҳри Кӯлоб ширкат кард. Ба гуфтаи ӯ, барномаҳои ҷашнӣ ба ифтихори бузургдошти иди миллии форсизабонҳо дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷараён гирифтааст ва мизбони "Наврӯзи байналмилалӣ - 2012" будани Душанбе низ далели он аст, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мақоми вижае дорад ва метавонад ба унвони меросбари фарҳангу тамаддуни сулҳофарин иқдомоти муҳиму муассирро амалӣ созад.

Гуфта мешавад, мақоми «шаҳрванди ифтихорӣ»-ро касб кардани Латифи Пидром, барои хадамоти шоёнаш дар густариши муносибатҳо ва равобиту ҳамкориҳо миёни Афғонистону Тоҷикистон аст.

Латифи Пидром аз соли 1990 ба ин сӯ дар Тоҷикистон ба унвони як шоир шинохта шудааст. Дар соли 2008 ҳизби тундгарои «Афғон миллат»-и Пактикои Афғонистон барои сари Латифи Пидром 200 ҳазор доллари амрикоӣ ҷойиза таъйин карда буд. Аммо ин иқдоми ҳизби тундгаро аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус ҷомеаи рушанфикрии Тоҷикистон ба шиддат маҳкум шуд.

Латифи Пидром чанде муқаддам бо нашрияи «Миллат» мусоҳибае дошт ва зимнан изҳор карда буд, ки ҳар гоҳ кушта шуд, дар марги ӯ танҳо Амрико муқассир аст.

P.S.: Ҳайати нашрияи «Миллат» бародари гиромӣ Латифи Пидромро барои даст ёфтан ба ин мақом табрик мекунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97