Кашфи як наққошии бостонӣ аз чеҳраи Исои Масеҳ дар Исройил

Хабар 15.11.2018 14:09

Як наққошии нодир аз чеҳраи Исои Масеҳ, ки то кунун намунае аз он дар даст набуд ба тозагӣ дар як сайти бостоншиносии даврони императории Руми шарқӣ дар саҳрои «Нақб» воқеъ дар ҷануби Исройил кашф шуд.

Ин наққошии деворӣ, ки бар рӯй девори калисои ҷанубии «Шабто» нақш баста ба зоҳир бахшҳое аз нахустин ғусли таъмиди Исои Масеҳ дар сарзамини муқаддас ро ба тасвир кашидааст. Тасовири марбут ба саҳнаи ғусли таъмид ба фаровонӣ дар ҳунари солҳои аввалияи асри масеҳият ва даврони императории Руми шарқӣ дида мешавад.

Нуктаи муҳим дар кашфи ин наққошӣ имкони муқоисаи ин асар бо намунаҳои мушобеҳи дигар аз манзари аносири намодин ва ҳунарӣ аст. Чеҳраи Исои Масеҳ дар ин наққошӣ дар навъи худ як кашфи муҳимм арзёбӣ мешавад. Ин наққошӣ дар воқеъ тарроҳии намодин аз Масеҳ бо мӯҳои кӯтоҳ аст, моделе, ки пештар дар Миср, Сурия ва Фаластин роиҷ ва сипас дар асри ҳунари Бизонс нопадид шуда буд.

Донишгоҳи Кембриҷ бо ишора ба кашфи ин наққошӣ ва ироаи тавзеҳоте дар бораи сайти бостоншиносии Шабто дар ҷануби Исройил ба нақл аз коршиносони ҳунари шамоилнигорӣ такид кардааст, ки қадмати ин наққошӣ ба қарни шашуми мелодӣ боз мегардад.

Ҷузиёти бештари ин наққошӣ ба монанди заминаи асар, ки саҳнаи ғусли таъмид ро ба тасвир кашидааст дар зери қишре аз гилу лой ва гарду ғубор пинҳон шудааст.

 

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97