Аҳмадинажод ҳам аз Фаластин ҳимоят мекунад

Хабари хуб 15.09.2011 09:59

AkhmadinajodНамояндаи вазорати умури хориҷаи Эрон Рамини Меҳмонпараст гуфтааст, ки президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар Ассамблеяи 66-уми СММ ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.

Ҷои зикр аст, ки Маҳмуди Аҳмадинажод соли гузашта дар ҳамчунин ҷаласаи СММ ширкат ва суханронӣ намуда буд, ки он боиси сару садои зиёд гардид. Он замон президенти Эрон гуфт, ки дар таркиши биноҳои баландошёна дар шаҳри Ню-йорк дар 11 сентябри соли 2001 маъмурияти Кохи Сафед худ даст дорад ва мурод ин буд, ки то бад- ин васила ба кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Ироқу Афғонистон ҳамла бикунанд. Он вақт ҳайати намояндагии ИМА бо нишони эътироз ҷаласаи СММ- ро тарк карда буданд. Интизор меравад, мавзӯи аслии ҳамоиши қарибулвуқӯъи СММ истиқлол ва ба расмият шинохтани давлати Фаластин бошад. Аллакай аксари кишварҳои дунё ҷонибдории худро аз баррасии ин масъала изҳор доштаанд. Мегӯянд, ки Русия низ тарафдори эътирофи мустақилияти Фаластин шудааст. Ҳамзамон ИМА аз кишварҳои дунё хостааст, то аз тасмими СММ дар мавриди шинохти расмии Фаластин пуштибонӣ накунанд.

Ёдовар мешавем, мардуми Фаластин бо ирсоли як нома аз Шӯрои амнияти СММ талаб кардаанд, то истиқлоли давлати онҳо расман шинохта шавад ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз он ҳамчун як давлати алоҳида ҳимоят намоянд.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97