Ифтитоҳи чархаи аввали нирӯгоҳи "Сангтӯда-2"

Хабари хуб 05.09.2011 10:22

Sangtuda_IIЧарха ё трубинаи аввали нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" бо иштироки раҳбарони Тоҷикистону Ирон фаъол шуд.

Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, гуфт, то охири сол ҳарду агрегати нирӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" пурра ба кор хоҳад даромад. Ӯ ифтитоҳи чархаи аввали ин нирӯгоҳро гоми дигари устувор ба сӯи истиқлоли энержӣ номид.

Маҳмуди Аҳмадинажод ҳам дар ҷараёни суханронии худ гуфт, кишвараш ҳамеша дар канори Тоҷикистон хоҳад буд ва аз истиқлоли ин кишвари дӯст ҳимоят хоҳад кард. Ӯ равобити Душанбеву Теҳронро бисёр самимӣ ва бародарона хонд ва афзуд, ин ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо ҳамкорӣ доранд. "Пешрафти Тоҷикистону Эрон алайҳи ҳеҷ кишваре нест",-илова намуд Аҳмадинажод.

Нирӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" дар 120-километрии ҷанубу шарқи пойтахти кишвар қарор дошта бар фарози рӯдхонаи Вахш сохта шудааст. Нирӯгоҳ аз ду агрегати 110-мегаваттӣ иборат аст ва оғоз ба кор кардани он тавлиди нирӯи барқро дар Тоҷикистон қариб 1 миллиард киловатт-соат афзоиш хоҳад дод. Пас аз 12,5 соли истифода ба нафъи Ирон, ин нирӯгоҳ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт. 

Рӯзи чоруми сентябр дар ҷараёни дидору гуфтугӯи Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе тавофуқ шуд, ки ҷониби Ирон нирӯгоҳи "Айнӣ" дар рӯдхонаи Зарафшонро бо иқтидори 150 мегават низ хоҳад сохт.

«Озодӣ»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97