Сергей Шматко: «Мо ба касе чизеро ёрона намедиҳем»

Хабари хуб 02.09.2011 16:19

ShmatkoДар толори меҳмонхонаи «Хайат» дар шаҳри Душанбе имрӯз 2 сентябр мулоқоти хабарнигорон бо вазири энегетикаи Русия ҷаноби Шматко Сергей Иванович бо ибтикори масъулини ин вазорат баргузор гардид.

Ҷаноби Шматко аз ҷумла изҳор дошт, ки «мо аз мавқеъи Бонки ҷаҳонӣ дар масъалаи бунёди Роғун огоҳ ҳастем ва ҷиҳати он ки баъзе нофаҳмиҳо ва эҳсосоти ноҷоро дар ин самт аз байн бибарем хуб мебуд, ки коршиносони дигари байнулмилалиро ҳам ба ин кор ҷалб намоем. Имрӯз дар мулоқоти сарони Тоҷикистону Русия масъалаи воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвари шумо мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ва фикр мекунам ҷониби Тоҷикистон масъалаи бе боҷи гумрукӣ ворид кардани маводи сӯхтро он ҷо ба миён хоҳад гузошт. Мо ба самти лағви боҷи гумрукӣ барои Тоҷикистон иқдом кардаем, гуфтушунидҳо дар ин масъала идома дорад. Масоили дигари ҳалношудае ҳам дар соҳаи энергетика ҳаст, ки ҷавоб мехоҳанд. Масалан, пардохти қарзи истифодаи нирӯи барқи Сангтӯда- 1, мо ҷадвали пардохти ин қарзро омода кардаем, вале аз чӣ сабаб аст, ки он иҷро намешавад. Мо ҷонибдори ҳамгироӣ, тарафдори ҳамкорӣ ҳастем. Мо хеле барвақт ҷиҳати дар базаи ТЗК- и Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе таъсис додани корхонаи муштараки маводи сӯхт маслиҳат карда будем. Мо дар самти ҷустуҷӯ ва иктишофи манбаъҳои нави истихроҷи газ ва ҳамчунин ба ҳамкориии васеъ дар роҳи амалӣ шудани лоиҳаи CASA- 1000 шавқманд ҳастем, ва онро як тарҳи хуб медонем. Тавассути амалӣ шудани ин тарҳ мехоҳем нирӯи барқи Сангтӯда- 1- ро ба хориҷ содир намоем. Ва ин масъала дар гуфтушуниди имрӯзӣ хам миёни раҳбарияти кишварҳои манфиатдор баррасӣ хоҳад шуд. Гуфтугӯҳое ҳам сари ин масъала бо ҷониби Покистону Афғонистон дар масъалаи иштироки ширкатҳои русӣ дар кори ин лоиҳа доштем. Дар масъалаи пойин овардани боҷ барои маҳсулоти нафтии ба Тоҷикистон воридшаванда алъон ман чизе наметавонам бигӯям, зеро ин масъала ҳам ҳамин рӯз дар нишасти раҳбарияти сиёсии Тоҷикистону Русия мавриди баҳс қарор мегирад. Хабарнигори «Миллат» ба вазири энергетикаи Русия гуфт, ки Шумо дар мавриди муносибатҳои боэътимоди Тоҷикистону Русия ҳарф мезанед, вале мо ба ин камтар бовар дорем, зеро мо Русияро шарики асосӣ ва стратегии хеш медонем, аммо ин шарики стратегӣ тайи чор моҳи охир ду бор аст, ки қиммати маводи сӯхтро боло мебарад, воридоти меваи хушкро аз Тоҷикистон ба Русия манъ мекунад ва якҷоя бо Узбакистон алайҳи бунёди НБО- и Роғун иқдом менамояд. Ва мо ин шарикиро ҳар қадар кӯшиш мекунем бифаҳмем, вале ба умқи он намерасем. Ва «Миллат» аз Шумо мехоҳад бифаҳмад, ки мухолифати ҷониби Русияро дар масъалаи бунёди нирӯгоҳи Роғун сабаб чист? Вазири энергетикаи Русия гуфт, ки ман қаблан низ мавқеъи худро оид ба бунёди Роғун изҳор доштам ва боз мегӯям, ки дар ин масъала гуфтушунидро бояд тақвият бахшид, ин хеле лоиҳаи бузург аст, масъалаи бунёди чунин нирӯгоҳ ва ҳам масоили обу энержӣ дар минтақа хеле як масъалаи ҳассос аст. Ва амалӣ намудани ин тарҳ таҳқиқ ва санҷиши ҷиддиро тақозо мекунад. Бо омӯзиш ва бартараф кардани ҳамаи монеъаҳо дар ин самт мо баъдан ба сари мақсад мерасем, ки амалӣ намудани чунин як тарҳ зарур аст. Дар масъалаи боло бурдани қимати маводи сӯхт ман бо «Миллат» розӣ нестам ва бояд бигӯям, ки мо барои касе чизеро ёрона додан вазифадор нестем. Истеъмолкунандагони худи Русия ҳам барои харидории маводи сӯхт қимати гарон пардохт мекунанд ва ин ҳама ба боло рафтани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ иртибот дорад,- гуфт Сергей Шматко. 

Толибшоҳи Сайидзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97