Дар Файзобод Маркази интернетии ройгон боз гардид

Хабари хуб 23.12.2010 11:32

baroi-sait21 декабр дар деҳаи Лолагии ноҳияи Файзобод, дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №40 ба номи Бобоҷон Ғафуров хонандагону устодон ид доштанд. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо ташаббус ва сарпарастии ширкати «Вавилон-Т» дар мактаби номбурда Маркази интернетии ба тариқи ройгон фаъолият дошта, боз гардид.

Дар толори мактаби мазкур бахшида ба ин рӯйдоди муҳим чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин тантана раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимов ва дигар ашхоси масъули ноҳия ширкат ва суханронӣ намуданд. Чорабини тантанавиро директори мактаби №40   Саймуддин Шарофов ифтитоҳ намуда, ба раёсати ширкати «Вавилон-Т» барои пуштибонӣ аз иқдоми сарвари кишвар дар Соли маориф ва фарҳанги техникӣ миннатдорӣ изҳор намуд. Баъдан сарвари ноҳия Ҳакимов суханронӣ карда, хамагонро табрик гуфт ва арзи сипоси худро ба директори генералии ширкати «Вавилон-Т» Беҳзод Файзуллоев изҳор намуд.

Директори иҷроияи ҶДММ «Вавилон-Т» Зокирҷон Мазардинов дар суханрониаш изҳор дошт, ки Ширкати «Вавилон-Т» бо мақсади саҳм гузоштан дар «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» бо як қатор мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҳамкориҳоро ҷиҳати баланд бардоштани савияи маърифат ва ҷаҳонбинии шогирдону омӯзгорони макотиби номбурда ба роҳ мондааст. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон мактаббачагон бо истифода аз технологияи муъосир ва Интерет бо ҳамсолони худ, ки дар кишварҳои гуногун таҳсил мекунанд, дар робита муошират қарор доранд. Аз тариқи Интернет онҳо бо якдигар шинос шуда, аз вазъи зиндагӣ ва пешравиҳо ва навгониҳои таҳсил огоҳ мегарданд.

Маълум шуд, ки дар мактаб тариқи маркази интернетии мазкур аллакай хонандагони зиёд дар олимпиадаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ ширкат варзидаанд. Ин аст, ки аз боз шудани маркази интернетӣ устодону шогирдон басе хушҳол буданд. Хурсандии онҳоро дарк кардан мумкин буд, зеро ояндаи ҳар давлату миллат аз тарбияи насли наврас вобаста аст. Низоми таълими муъосирро бе истифода аз Интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳадаф аз ҳамкории ширкати “Вавилон-Т” бо мактабҳо он аст, ки мо мехоҳем хонандагони тоҷик низ аз дигар ҳамсолони худ, ки дар кишварҳои пешрафта зиндагӣ доранду аз технологияи муъосир ҳаматарафа истифода мебаранд, ақиб намонанд ва баробар бо ҳамсолони худ, ки дар мамолики мутараққӣ зиндагӣ доранд, қадам гузоранд,- гуфт Мазардинов.

Ширкати «Вавилон-Т» дар тӯли фаъолияти худ ба пиёда сохтани барномаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекунад. Дар доираи барномаҳои мазкур ба шабакаи Интеренет зиёда аз 380 мактаби миёна, коллеҷҳо, донишгоҳҳо, техникумҳо, марказҳои созгории кӯдакони маъюбу бепарастор ва ғайраҳо пайваст карда шуданд ва минбаъд низ чунин иқдом идома хоҳад ёфт. Дар ин бора ба «Миллат» аз Маркази матбуоти ширкати «Вавилон- мобайл» хабар доданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97