Нигини ҳунари тоҷик даргузашт

Хабари хуб 22.12.2010 13:08

Овозхони машҳури тоҷик ва дорандаи ҷоизаи давлатии Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Нигина Рауфова, субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 22 декабр дар синни 65-солагӣ аз олам даргузашт.

Нигина Рауфова бар асари сактаи қалбӣ даргузаштааст. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Нигина Рауфова, асосан дар жанри мусиқии мардумӣ овозхонӣ карда ва дар солҳои 1970 -80 ба авҷи шӯҳраташ расида буд.

Дар соли 1989 бознишаста шуд, вале то поёни умри худ дар гурӯҳи мусиқии "Дарё" дар Кумитаи радию ва телевизиюни Тоҷикистон фаъолияти ҳунарии худро идома медод. Нигина Рауфова 21 майи соли 1945 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада дар аввали даҳаи 1970 вориди арсаи ҳунар шуд.

Оҳангҳои "Аскарбача", "Қадат баланд аст", "Ман садқаи ту", "Духтари каҷтоқӣ" аз миёни сурудаҳои машҳури Нигина Рауфова маҳсуб мешаванд. Ӯ дар соли 1977 унвони Артисти халқии Тоҷикистон ва дар соли 1996 ҷоизаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, аз муҳимтарин ҷавоизи ҳунариро ба даст дод.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97