Боздошти ҳашт маҳбуси фирорӣ дар Афғонистон

Хабари хуб 19.12.2010 19:48

Нируҳои амниятии Афғонистон дар як амалиёти муштарак бо ҳамтоёни тоҷики худ дар шимоли ин кишвар ҳашт маҳбуси фирориро, ки 23 август аз Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дастҷамъона гурехта буданд, боздошт кардаанд.

Змарай Башарї, сухангўи Вазорати умури дохилаи  Афғонистон дар мавриди боздошти ин афрод ба хабаргузориҳо иттилоъ додаст. Ба гуфтаи ў, амалиёти боздошти фирориён дар наздикии вулусволии Дарќади вилояти Тахор сурат гирифтааст. Бино ба иттилои ин манбаъ дар миёни боздоштшудагон 3 шаҳрванди Афғонистон ва панљ шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд, ки то замони фирор дар Боздоштгоҳи муваќќатии КАМ Тоҷикистон зиндонї будаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар сатҳи ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон ва Афғонистон барои истирдоди маҳбусони фирории боздоштшуда дар вилояти Тахор музокирот ҷараён дорад.

Манобеи ҳифзи ҳуқуқ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба хабарнигори Озодӣ гуфтаанд, ки тарафи афғонӣ барои истирдоди 5 маҳбуси фирорӣ, ки шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд, мувофиқат кардаанд. Аммо бар сари таслими 3 нафар аз маҳбусони фирории дигар, ки шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд, то ба ҳол ба натиҷае нарасидаанд.

Аммо ин манобеъ изҳори умедворӣ кардаанд, ки ин қазия дар сатҳи болотари ҳар ду кишвар ҳалли худро пайдо кунад.

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97