АВВАЛИН. 90 сол бо дарди миллат

Фарҳанг ва адаб 05.02.2015 10:12

SadinisoСаъдинисо Ҳакимова 20  декабри соли 1924 дар шаҳри Конибодом чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1939 дар синни понздаҳсолагӣ бахши фелдшерии Омӯзишгоҳи тиббии Сталинободро хатм карда, ҳамон сол шомили Донишкадаи навтаъсиси тиббии  шаҳри Сталинобод мегардад. Соли 1943 дар синни  нуздаҳсолагӣ Саъдинисо донишкадаро хатм карда, ба фаъолияти ҷарроҳӣ оғоз менамояд. Баъди се соли фаъолият дар ин ришта,  барои идомаи таҳсил ба Маскав, ба аспирантураи соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ  равона мешавад.  Ҳангоми ҳимояи рисолаи докторӣ  Саъдинисо Ҳакимова  ҳамагӣ сию се сол (1958) дошт.  Баъди ин С. Ҳакимова бисту се сол кафедраи акушерӣ ва гинекологии Донишкадаи давлатии тиббии  Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро (ҳоло донишгоҳ) сарварӣ кард.

Мактаби Ҳакимова

Солҳои ҳафтодуми асри гузашта мактаби илмӣ  амалии акушер гинекологҳои Тоҷикистон бо номи "мактаби Ҳакимова" шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Барои таъсиси ин мактаб   монеаи  зиёде пеш омада буд, аммо заҳматҳои Саъдинисо Ҳакимова кор доданду он таъсис ёфт ва ба коркарду тадқиқот оид ба масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ва пеш аз ҳама солимии модару кӯдак машғул гардид. Он замон Саъдинисо Ҳакимова ягона бонуе буд, ки пайи ҳалли мушкилоти зани тоҷик, модари тоҷик садҳо дарро мекӯфт, то ба ин мушкилот дигарон низ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва пайи ҳалли он чораҷӯӣ кунанд. То соли 1993 роҳбарии ин пажӯҳишгоҳро ба  уҳда дошт,  аммо чун дар кишвар нооромӣ ҳукмфармо буд, як муддат тарки ҷумҳурӣ намуд.

Қадршиносӣ

Саъдинисо Ҳакимова бо бисёр  мукофотҳои давлатӣ, орденҳои Ленин, "Дӯстии халқҳо", "Нишони фахрӣ", медалҳои "Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 -1945",  унвонҳои Аълочии соҳаи тандурустӣ,  Аълочии маорифи Тоҷикистон ва   Арбоби шоистаи Илми РСС Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.

Яке аз аввалинҳо 

 Саъдинисо Ҳакимова  аввалин донишҷӯи Донишкадаи тиббии Тоҷикистон, яке аз нахустин бонувонест, ки дар чилупанҷсолагӣ узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии  Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд.  Аввалин хатмкардаи Донишкадаи тиббии Тоҷикистон, нахустин ва ягона бону - узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Осиёи Марказӣ мебошад.

Дӯстону шогирдон 

Мунаввара Додхоева, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, мудири кафедраи акушерӣ-гинекологии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, мегӯяд: "Саъдинисо Ҳакимова худ оғози як достони ҷустуҷӯю бозёфт ва шуҳратёриву номбардорӣ аст. Ин зани сарбаланду донишманди тоҷик  шоҳсутуни илми тибби кишвар,  вориси намоёну арзандаи Синои бузург аст. Шахсан ман бисёр ифтихор аз он дорам, ки шогирд ва давомдиҳандаи кори чунин устод ва олими барҷастаи замон мебошам".

Gulrukhsor dar zodruziБузургонро бузургон зинда медоранд

Гулрухсор Сафиева - шоири халқии Тоҷикистон дар махфиле, ки бахшида ба 90-  солагии Саъдинисо Ҳакимова дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино доир гардид, гуфт: "Ҳамин маҳфили мо барои Софя Ҳафизовна ҳеч даркор ҳам нест. Ҳеч чиз дардашро сабук ҳам намекунад, фишорашро ҳам поён намекунад, задани қалбашро ҳам бешу кам намекунад. Мо ҳамаи ин корро барои худамон мекунем, барои он ки бигӯем, шукронаи он лаҳзае, ки офаридгор барои мо имконият додааст, бо як инсони бузурге шогирд ва дӯст ҳастем. Ана чунин инсони нозанинро ман мешиносам бо ҳама сифатҳои беҳтаринаш. Саъдинисо Ҳакимова яке аз инсонҳои беҳтарин буд ва ҳаст, ки аз давру замони худ як сад сол пеш ба дунё омадааст. Саъдинисо Ҳакимова бароям, хаёл мекунам,  ки Софя Лорен аст, хаёл намекунам, ки духтур ҳасту ҷарроҳӣ мекунад, бо ин дастону чашмони нозанин. Хаёл мекунам, ки Катрин Денёв аст. Хаёл мекунам, ки як наққоши машҳури ҷаҳонӣ аст. Дастони  модари ту, Дилбари азиз (муроҷиат ба духтари С. Ҳакимова),  барои навохтани пианино, барои навохтани ҳама асбобҳои мусиқии  дунё офарида шудаанд, аммо қисмат худаш инсонро месозад. Ба ман нақл карданд, ки ҳамроҳи Қумрӣ Ҳафизовнаи азизи ман, ки ҳар дуяшон дар ин ҷо нестанд, хар дуяшон дар мурдахона, духтаракҳои 14 - 15 сола дарс тайёр мекарданд. Ин зиндагӣ барои ин инсонҳо чӣ қадар азиз бошад, ки дар мурдахона наврас шинаду дарс тайёр кунад ва баъд гӯяд, ки бачаҳои тоҷик, масалан, модарони тоҷик бесарпаноҳ ва маризанд.  Вақте ки дар бораи  Софя Ҳафизовна гап мезананд, ман пеш аз ҳама худамро айбдор ҳис мекунам, ки мо худамон нашинохтем ин зани бузургро.  Дар вақташ  аз кору зиндагӣ ва  таҷрибаи ишон кам истифода бурдем. Ҳарчанд ки Софя Ҳафизовна ҳамаи қувва ва ҳунарашро барои хидмати мардум истифода бурд. Бубинед, қаду қомат, чашм, абрӯ, рангу рухсор, ҳамааш зебост ва Худо ҳамон одамеро, ки дӯст медорад, зебо меофарад. Одами зеборо мисли худаш меофарад, худгуна, баақлу фаросат, баинсофу имон. Ман чӣ гӯям, дар ин навад соле, ки модари мо  сарбаландона зиндагӣ  кард, ҳалолаш бод. Ва лаҳзае бояд аз зиндагияш  пушаймон набошад. Як дунё  хотира дорам.  Софя Ҳафизовна низ мисли мо шоир буд, мисли мо наққош буд, овозхон буд, ман шоҳид будам, ки чӣ қадар ӯ Барно Исҳоқоваро дӯст медошт, чӣ қадар устод Турсунзода арҷ мегузоштанд ба Саъдинисо Ҳакимова. Ҳар кас дар ҷояш як шахсияти бузург аст. "Вақте ҷашни Айнӣ шуд, банда гуфтам, ки устод Айнӣ, шогирди чилсолаи Бухоро дар қарни ХХ кореро карданд, ки устод Рӯдакӣ дар қарни 1Х- Х карданд. Саъдинисо Ҳакимова низ дар қарни ХХ - ХХ1  кореро карданд, ки мумкин чандин донишгоҳ, чандин пажӯҳишгоҳ накарда бошанд". 

Гулрухсор дар поёни суханрониаш гуфт: "Аз ин ки аз модари мо, аз модари ман ёд мекунед, ташаккур. Шоир гуфтааст, шод будан ҳунар аст, шод кардан ҳунари волотар. Бунёди тамоми халлоқӣ ва эҷодиёти Софя Ҳафизовна дард буд, мисле ки бе дард  ягон фарзанд ба дунё намеояд, бе дард ягон шоир шоири бузург шуда наметавонад, бе дард ягон табиб табиби хуб буда наметавонад, ҳамон дарде, ки мегӯям:

Аз роҳи дида мекашам бори гуноҳи дил,

Ҷони камаршикастаи ман дард мекунад.

Дар бистари сиёҳи шаб хобам намебарад,

Дандони ақли хастаи ман дард мекунад.

Ва имрӯз ҳам Саъдинисо Ҳафизовна дар бистар ба ёди мосту  чизе эҷод мекунад. Ӯ ҳамеша тоҷи сари мо, ифтихори мо мебошад. Ӯ бонуи бузургест, ки дарди миллат ҳамеша дарди Ӯ буд ва ҳаст".

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97