Чин ба Тоҷикистон 300 миллион доллар барои коркарди нахи пахта ҷудо мекунад

Хабари хуб 07.03.2019 09:17

“Сhina Machinery Industry Construction Group Inc” як ширкати давлатии Чин барои рушди бахши бофандагии Тоҷикистон 300 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳад кард.

Бино ба иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Неъматулло Ҳикматуллозода вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар рӯзи 5 март бо намояндагони бахши соҳибкории Чин таҳти раҳбарии Ху Син менеҷер оид ба масъалаҳои тиҷоратии ширкати “Сhina Machinery Industry Construction Group Inc” дидор кард.

Дар ин дидор изҳор карда шуд, ки ширкати “Сhina Machinery Industry Construction Group Inc” ба Маҷмаъаи корхонаҳои нассоҷии «Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк»-ро, ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» воқеъ аст, бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ду марҳила барои коркарди нахи пахта дар сиклҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дузандагӣ, аз ҷумла марҳилаи якум бо маблағгузории 130 миллион доллар ва марҳилаи дуюм бо маблағгузории 170 миллион доллар пурра сохта ба истифода медиҳад.  

 Дар маҷмӯъ 5500 ҷой корӣ, аз ҷумла 3750 ҷойи кории мустақим таъсис дода шуда, тахминан 35000 тонна нахи пахта дар як сол коркард карда мешавад.          Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо баён доштанд.

Ёдовар мешавем, ки тасмими таъсиси минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” дар поёни моҳи феврали соли ҷорӣ гирифта шуд. Қабл аз ин, аз соли 2008 дар Тоҷикистон чаҳор минтақаи озоди иқтисодӣ – “Суғд”, “Панҷ”, “Данғара” ва “Ишкошим” фаъолият доштаанд.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97