Дар ғарби Кобул чандин таркиш ба вуқуъ пайваст

Хабари хуб 07.03.2019 13:41

Чанд лаҳзае қабл садои чандин таркиш дар ғарби Кобул пойтахти Афғонистон шунида шуд.

Гуфта мешавад чандин таркиш дар наздики гирдиҳамойие, ки барои гиромидошт аз бисту чаҳорумин солрӯзи террори Абдулалӣ Мазорӣ баргузор гардида буд, ба вуҷуъ пайвастааст.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки афзун бар шунида шудани таркиш садои тирпаронӣ низ аз ин маҳалл шунида шудааст.

Бар асари ин таркиш як ғайри низомӣ кушта ва 4 нафари дигар ба бемористон мунтақил шудаанд.

Гузориш мешавад, ки дар ин руйдод ҳашт муҳофизи Ҳаниф Атмар захмӣ шудаанд ва ба худи вай осебе нарасидааст.

Ҳамчунин Латиф Пидром раиси ҳизби Кунгураи миллӣ ва яке аз номзадҳои раёсати ҷумҳурии Афғонистон низ дар сафҳаи фейсбукии худ гуфта, ки дар ин воқеъа захм бардоштааст. 

Масъулияти ин ҳамларо то ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе ба ӯҳда нагирифтааст. Аммо рӯзи гузашта чанд марди мусаллаҳ ба як ширкати сохтмонӣ дар наздикии фурудгоҳи вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон ҳамла карданд, ки дар натиҷа беш аз 15 нафар аз кормандони ин ширкат кушта шуданд. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97