Тафовути раҳ аз куҷо то ба куҷост: арзиши 1 гб интернет дар Қирғизистон 2 сомонӣ, дар Тоҷикистон 50 сомонӣ

Хабари хуб 09.03.2019 09:08

Ширкати “Cable” арзиши миёнаи як гигабайт интернети мобилиро дар 230 кишвари ҷаҳон дар моҳҳои октябр ва ноябри соли 2018 ҳисоб кардааст.

Бар асоси маълумоти ин ширкат, дар Қирғизистон арзиши миёнаи 1 гигабайт интернети мобилӣ 27 сент ё 18 соми қирғизӣ (беш аз ду сомонӣ)-ро ташкил додааст. Аз ҳама арзонтарин таъруфа 8 сент ва аз ҳама гаронтарин 48 сентро барои як 1 гигабайт дар ин кишварро дар бар гирифтааст.

Дар панҷгонаи кишварҳои дорои арзонтарин интернети мобилӣ баъд аз Ҳинду Қирғизистон, Қазоқистону Украина ва Руанда ҷой гирифтаанд.

Ба ҷуз аз интернети арзон, дар оянда Қирғизистон метавонад яке аз аввалин кишварҳое дар минтақа шавад, ки дастрасӣ ба интернети ройгони моҳвораӣ пайдо мекунад. Ахиран кишвар яке аз шаш кишваре шуд, ки метавонад узви лоиҳаи интернети моҳвораии ширкати бритониёии OneWeb гардад.

Ин ширкат 28-уми феврал бори аввал ба фазо шаш моҳвораро фиристод ва барномарезӣ кардааст, ки аз моҳвораҳои он мактабҳои навоҳии дастрасияшон мушкили 6 кишвар – Амрико (иёлати Аляска), Эквадор, Руанда, Гондурас, Непал ва Қирғизистон интернети ройгон дарёфт мекунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон мушкили дастрасӣ ба интернет раванди рӯ ба бадшавӣ дорад. Ахиран Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз ширкатҳои мобилӣ талаб кард, ки арзиши як мегабайт интернетро на кам аз 5 дирам муайян кунанд. Ва як гигабайт – 50 сомонӣ (ҳудуди 6 доллар) ва бо назардошти андоз аз арзиши изофашуда (НДС) – 18 дар сад ва аксиз – 5 дар сад на кам аз 63 сомонӣ.

Бар пояи радабандии Speedtest Global Index дар моҳи январи соли 2019 аз рӯйи суръати интенети мобилӣ, Тоҷикистон дар рӯйхати 137 кишвари ҷаҳон дар мақоми аз ҳама охирин қарор гирифт, ки суръати интернети мобилии мо 5,04 Мбит/с ҳисоб шудааст. Барои муқоиса Қазоқистон дар ин радабандӣ мақоми 85, Қирғизистон 111 ва Узбекистон 129-ро доштанд.

Манбаъ: радио Озодӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97