Дар Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон 65 осоишгоҳи беҳдоштӣ барқарор карда шуд

Хабари хуб 06.03.2019 11:45

Тоҷикистон барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ 65 осоишгоҳ ва беш аз 300 минтақаи хусусии сайёҳиро омодаи қабул онон кардааст.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин мавзуъ ба хабаргузории Авесто гуфтааст, ки дар кишвар дар ҳоли ҳозир 65 дар сади осоишгоҳҳо бозсозӣ карда шуда, беш аз 300 минтақаи хусусии сайёҳӣ сохта шудааст, ки албатта барои рушди туризми байналмиллалӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъмини мардум ба кор мусоъидат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир 107 ширкатҳои сайёҳӣ дар бозори туристии кишвар ба таври муназзам фаъолият мекунанд.

То имрӯз шаҳрвандони 81 кишвари ҷаҳон имкони дарёфти виза барои ворид шудан ба Тоҷикистонро бевосита дар фурудгоҳҳои байналмиллалӣ доранд. Ҳамчунин ҳуҷҷатҳо барои ворид шудан ба Тоҷикистон дар сафоратхонаҳо дар муддати 3 рӯз дода мешаванд.

Дар моҳи июни соли 2016 дар ҷумҳурии Тоҷикистон визаи электронӣ ҷорӣ карда шуд, ки бо ин тарз тавассути интернет дар ҳама гушаи ҷаҳон метавон визаро ба даст овард.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде қабл хабар дода шуд, дар соли 2018 теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз Тоҷикистон дидан мекунанд 2.6 баробар афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2017 ба кишвар 430 ҳазору 922 сайёҳ сафар кардааст, дар ҳоле ки дар соли 2018 беш аз 1 миллиону 150 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан карданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97