Созишномаи ҳамкориҳои низомии миёни Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид

Хабари хуб 07.03.2019 08:48

Парлумони Тоҷикистон рӯзи гузашта созишномаи ҳамкориҳои низомии миёни Тоҷикистону Узбекистонро, ки моҳи августи соли гузашта дар шаҳри Тошканд имзо шуда буд, ба тасвиб расонид.

Ин нахустин созишномаи ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон дар бахши низомӣ аст, ки баъди комилан барқарор шудани робитаҳои ду кишвар дар як соли пеш имзо шудааст.

Барқарории равобити ду кишвар пас аз салтанати 25-солаи Ислом Каримов ва ба мақоми раиси ҷумҳур дар Узбекистон расидани Шавкат Мирзиёев имконпазир шуд.

Тоҷикистону Узбекистон дар баробари имзои даҳҳо санади ҳамкорӣ, созишномаи шарикии стратегиро ҳам имзо кардаанд, ки ба қавли мақомоти ду кишвар, дар таъини сиёсати баъдии ҳамкориҳои ду ҳамсоякишвар як санади муҳим ба шумор меравад.

Созишномаи ҳамкориҳо дар бахши ҳарбию техникӣ дар баробари таъмини силоҳу муҳимоти ҷангӣ ба ҳамдигар, инчунин тавлиди силоҳ ва муҳимоти низомиро дар назар мегирад.

Эмомалӣ Собирзода муъовини аввали вазири дифоъи Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон созишномаи “ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ”-и Тоҷикистон ва Узбекистонро муъаррифӣ мекард, ин санадро муҳим хонд.

Ӯ гуфт, ки яке аз бахшҳои ин санад “роҳандозии тавлидот ва бозсозии муштараки муҳимоти низомӣ дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоварад”. Эмомалӣ Собирзода дар идома афзуд: “ин созишнома ҳамчунин заминаи ҳуқуқӣ барои таъмиру азнавсозӣ ва такмилу тавлиди муштараки техникаи ҳарбиро фароҳам мекунад. Инчунин ин созишнома шароити расонидани кӯмакҳои низомӣ ба кишварҳои ҳамдигарро дар назар дорад”.

Манбаъ: радиои Озодӣ

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97