Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Анҷоми муҳлати ваколати сафири Эрон дар Тоҷикистон

Хабари хуб 07.03.2019 08:26

Ҳуҷҷатулло Фағонӣ сафири Эрон дар Душанбе рӯзи гузашта қабл аз анҷоми ваколати сафириаш  бо Шамсиддин Орумбекзода вазири фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Бино ба иттилоъи сайти расмии Вазорати фарҳанг, Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, ки мӯҳлати ваколаташ чун сафири Эрон дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад, бо вазири фарҳанг оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангӣ сӯҳбат намуданд.

Сафири Эрон дар ин дидор иброз дошт, ки баъди бозгаштан ба шаҳри Теҳрон низ барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни ду кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки Тоҷикистону Эрон аз қадим соҳиби забон ва фарҳанги муштарак буданд ва минбаъд низ имкониятҳои ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи театру синамо ва табодули таҷриба бисёртар хоҳанд буд.

Мулоқот дар фазои хушу дӯстона сурат гирифт.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97