Фарҳанг ва адаб

Устод Айнӣ эродро мепазируфт 07.12.2010 09:30 Устод Айнӣ эродро мепазируфт
Ё инак нӯшдоруи устод Қаноат нӯшатон бод! Mусоҳибаи шоири донишманди тоҷик устод Мӯъмин Қаноат, ки дар шумораҳои 35 - 39-и нашрияи "Миллат" ба чоп расида буд, миёни ҷомеъа, ба хусус аҳли фарҳанг ва ....

Зодрӯзи устод Бозор ва ваъдахилофии иттифоқи нависандагон 26.11.2010 09:39
ё чаро шаби шеъри шоири номдор баргузор нашуд? Аз ҷудоият магӯ… 20 ноябр устод Бозор Собир зодрӯз дошт. 72 сола шуд. Банда бо намояндагӣ аз "Миллат" бо ҳамкорам Умари Давлат он рӯз ба манзили эшон ба табрикаш рафтем. Табъи Устод хеле хушу болида буд.
Суханшинос наӣ, профессор, хато ин ҷост! 24.11.2010 10:30
Посух ба муаллифи «Андешаҳои бебунёд» Атахон Сайфуллоев Чу шоир биранҷад… Навиштаи нафареро ба исми Атахон Сайфуллоев, ки дар сомонаи интернетии АМИТ "Ховар" зери унвони "Андешаҳои бебунёд" ба нашр расидааст, хондам ва аз тарзи нигориши он музахрафот, ки бас тамаллуқомезу камсаводона ҳаст, дарёфтам, ки ҳадафи муаллиф аз таҳлилу баррасии фаъолият ва шахсияти шоири ....
Шӯхиҳои Шоҳинбод 22.11.2010 09:50
Ҷустуҷӯ мешавад Шаҳрванди ҷумҳурӣ Сафаров Шералӣ, соли таваллудаш 1967, аз тарафи Интерпол, Европол ҷустуҷӯ мешавад. Нишонаҳояш: Қадаш 180 сантиметр, чашмони кабуд дорад, дар самти чапи китфаш изи захми кафлеси оҳанин ҳаст.
Бизан сурма, ки бо сурма ҷавонӣ 18.11.2010 09:41
Чанде қабл яке аз ҳамкорон бо саволе ба ман муроҷиат кард, ки бойиси нигоштани ин матлаб шуд. Саволаш ин буд, ки "Оё Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам сурма мекашид?". Бе даранг посухаш додам, ки "бале". Аммо "бале" барояш кофӣ набуд. Аз ман хост бо такя ба манобеъи мӯътамади ривоятӣ ....
Сухан гуфтан на осон аст ин ҷо… 13.11.2010 08:54
Мусоҳибаи шоири соҳибноми тоҷик, устод Мӯъмин Қаноат, ки дар чаҳор шумораи нашрияи "Миллат" дар моҳи август ва сентябри соли равон ба чоп расида буд, миёни ақшори ҷомеъа сару садои мухталиф эҷод кард.
Шӯхиҳои Шоҳинбод 13.11.2010 08:47
Хабарҳои мухтасар *** 28 октябри соли равон бар асари як амалиёти ҷангӣ дар ноҳияи Исфара 4 нафар ҷанги кушта шуданд. Аммо баъдан маълум шуд, ки дар он ҷо ду нафар ҷангӣ ва ду нафар гӯсфанд кушта шуданд.
Равшанфикр ё донишманди худогоҳи тоҷик 12.11.2010 09:12
Рӯзи 29 октябри соли 2010 баробар бо 7 мизони 1389 хуршедӣ, конфронси илмӣ дар бузургдошт аз 80 солагии шодравон Абдулқодир Маниёзов аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ ва Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар толори Академияи илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
«Ҷонибек Акобиров вазъи Зафарро осудатар кард» 11.11.2010 09:32
Қисмати дуввум Солҳои донишҷӯии мо, консертҳо соле як маротиба дар театри тобистонаи назди чойхонаи "Роҳат"-и шаҳри Душанбе мегузаштанд, ки дар он, бо навбат шаби эҷодии Зафар Нозим, Ҷӯрабек Муродов, аҳён-аҳён аз устод Одинаи Ҳошим баргузор мегашт ва мо донишҷӯён тамоми "чораҳоро" меандешидем, ки ҳатто, бе ҷо, рӯи по истода онҳоро тамошо ....
Аз санг нола хезад, рӯзи видоъи ёрон 06.11.2010 09:21
Ҳар гаҳ, ки дар бораи бузургмардони миллат дар китоби хотиротам ҳарфе зам карданӣ мешавам, пеш аз ҳама манзалату қиммати онҳоро дар миёни мардум санҷида мегирам, ки чи андоза қадрдонӣ мешаванд ва ҳунаре, ки доранд чи маърифатеро ба бор овардааст.
Шӯхиҳои Шоҳинбод 06.11.2010 09:15
ДУЗД - Рафиқ сардор, дуздро қапидем - бо хурсандӣ хабар дод Асадбек. - Шармандагӣ! Обрӯи моро резондӣ! Наход дар корхонае, ки шикаматро сер мекунаду тифлаконатро мехӯронад, дузди кунӣ? Дафъ шав аз назарам!
©2008 - 2022 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97