Шӯхиҳои Шоҳинбод

Фарҳанг ва адаб 06.11.2010 09:15

air-presstig

ДУЗД

- Рафиқ сардор, дуздро қапидем - бо хурсандӣ хабар дод Асадбек.

- Шармандагӣ! Обрӯи моро резондӣ! Наход дар корхонае, ки шикаматро сер мекунаду тифлаконатро мехӯронад, дузди кунӣ? Дафъ шав аз назарам!

Ман се рӯз боз дар ин корхона кор мекунам. Аз ин воқеа ба ҳайрат афтодам. Охир дар ин корхона ҳама дузданд. Худам дирӯз 6 кило панир, ду кило ҳасиб дуздида, ба хона бурдам. Ба ҳар ҳол аз ҳамкорам Хоркаш пурсидам:

- Ин кас чиро дуздиданд, ки раис ин қадар асабӣ шуданд?

- Вақтро дуздиданд. Дар ин замона кӯшиш намо, ки дам ва вақтро дуздӣ накунӣ! Вақтдузд ва дамдузд хатарноканд - фаҳмонд Асадбек.

ҶАНҶОЛ

- Моҷарои ману завҷаам аз пайдошавии тифл дар хона сар шуд. Занак доду фиғон бардошта, косаву табақро шикаст. Хушдоманам бо табақ ба сарам фуровард - гирякунон гуфт Асадбек.

- Наход таваллуди тифл боиси ҷанҷол шавад?!

- Чи хел таваллуд - бо ҳайрат пурсид Асадбек.

- Шумо гуфтед, ки пайдо шудани тифл дар хона сабаби ҷанг гардид.

- Бале, тифли хурдсоли мо шабона бевақт, масту аласт дар хона пайдо шуд - бо алам гуфт Асадбек.

КУШТОР

- Чаро завҷаатонро дар ҳолати ваҳшиёна куштед - пурсид судя аз Асадбек.

- Ман зоти нодири рӯбоҳ, паланги кӯҳӣ, гурги хокистарӣ, уқоби даштиро наҷот додам - ҷавоб дод, Асадбек.

- Нафаҳмидам! Чи хел шумо ин ҳайвонотро наҷот додед? Ба фикрам занатон дар боғи ҳайвонот кор намекарданд.

-Мана ин пӯстинаш аз пӯсти 10 рӯбоҳ, таги каташ пӯсти паланг, дар гарданаш нохуни уқоб - ашё ва анҷоми далелро нишон дод Асадбек ба муфаттиш.

КИТОБ

-Лутфан, китоби "Дар он дунё"-ро ба ман диҳед - хоҳиш кард хонанда аз мудири китобхона.

-Ин китоб фақат барои қироат дар толор дода мешавад - фаҳмонд китобдор.

-Ман онро дар хона мехонам - илтиҷо кард хонанда.

-Узр, ин китобро ягон хонанда барнамегардонад. Ҳоло 10 нусхаи ин китоб чун далели шаъйӣ ба парвандаҳо замима шудааст - гуфт китобдор.

ДАР БОЗОР

Дар даромадгоҳи бозор тифле бо овози баланд гиря мекард. Асадбек дилсӯзона ба наздаш рафта гуфт:

- Ин қадар мардаки каппа калону гиря мекунӣ?

- Дафъ шав, лаънатӣ! Очата… - бо овози баланд дод зад тифлак.

- Ин қадар тифли хурдсолу ҳақорат медиҳӣ! Чаро бе сабаб дашном медиҳӣ?

- Мардаки пир ҳастиву синну солро фарқ намекунӣ - гиряолуд гуфт тифл.

САДАМА

Тайёраи "Боинг" бо самти Исломобод - Кобул парвоз мекард. Пас аз ним соати парвоз роҳнамои тайёра ба толор баромада эълон намуд:

- Ҷанобон мусофирон, тайёраи мо бо сабаби вазнинии бор ба мушкилоти техникӣ дучор гардид. Бояд 7 нафар мусофир кам гардад. Агар дар байнатон одамони маргталаб, узви "Ал қоида" бошанд, марҳамат худро берун ҳаво диҳанд.

Дар ҳамин лаҳза роҳнамои дуюм чизеро гӯшакӣ кард:

- Хоҳишмандам, ҳама дар ҷойҳои худ шинед. Маргталаб лозим нест. Аллакай халлабонҳо худро партофтанд…

ОЗМУН

-Тибқи маълумотҳои дақиқ мо муайян кардем, ки мансабдорони ноҳияи Гулобод соли гузашта ба маблағи 10 миллион сомонӣ даромади молиявии худро пинҳон кардаанд - гузориш дод муфаттиш.

- Офарин, ҳамин тавр мунтазам эъломияи мансабдоронро тафтиш кунед - амр дод раиси ноҳия.

- Кадом эъломия - пурсид муфаттиш.

- Эъломияе, ки шумо аз рӯи он маблағҳои пинҳоншударо ошкор кардед.

- Не, мӯҳтарам раис. Ман дар ҳамаи мактабҳои ноҳия озмуни иншои озод дар мавзӯи "Буҷаи оилаи ман" гузарондам.

НАСИҲАТ

Падар бо ғазаб писарашро ҷеғ зада гуфт: - Медонӣ, дар синну соли ту Абуабдулло Рӯдакӣ шеър менавишт. Ту се баҳои ду дорӣ!

- Дадо! Дар синну соли Шумо Абуабдулло Рӯдакӣ кӯр буд. Ин рӯзномаи ман не!!!

ШАҲРИ ДЕВОНАҲО

(Порчае аз "Дафтари Белорус")

Бечораҳо Карл Маркс, Фридрих Энгелс, Владимир Ленин, Иосиф Сталин азоб кашида ҷон доданду коммунизмро сохтан натавонистанд. Аммо Президенти Ҷумҳурии Белорус - Александр Лукашенко бе хаймаи Разлив, бе инқилоби Октябр ва бадарғаҳо ба Сибир яку якбора коммунизми мутараққиро сохт. Чунон зиракона сохт, ки Империализми бечора дар ғафлат монда буд. Баъзеҳо тамоми дастовардҳои коммунизми Лукашенкоро ба Садом Ҳусейн, Усома Бен Лодан ва Каштан нисбат медиҳанд. Онҳо Ҷанобони Империализмро ба ҷанги терроризм, Ироқу Афғонистон андармон карда, ба Лукашенко сохтмони коммунизмро фароҳам оварданд. Каштан одами таърихӣ нест. Ин навъи аълосифати арақи Белорусия аст. Александр Лукашенко нархи арақи "Каштан"-ро хеле арзон карда, тамоми пролетариатҳои Русияро мадҳуш кард. Ҳамчунон инқилобшиносон дар сохтмони коммунизми Лукашенко ва капитализми мутараққии Украина шоҳқубури гази Русия-Европаро сабаб нишон медиҳанд. Александр Лукашенко ошкоро газро дуздид. Аммо украинҳо пинҳонӣ ғасб мекарданд. Ривоят мекунанд, ки вақте фаронсавиҳо нав ба Ироқ даромаданд, пурсидаанд, ки фоҳишахона дар куҷост. Рӯзи дуюм амрикоиҳо ба Бағдод зада даромаданд.

- Тарабхона дар куҷо - пурсиданд амрикоиҳо.

Рӯзи сеюм қувваҳои Украина дар ҳайати Мутаҳидаи Атлантикаи шимолӣ ворид шуданд.

Ироқиҳо ба онҳо суроғаи трабхонаҳо ва фоҳишахонаҳоро пешкаш карданд:

- Лозим нест! Шоҳқубури газ дар куҷост?

Воқеан, дар солҳои 80-ум қарни гузашта дар мавриди сохтмони коммунизм ривояте буд. Котиби Ҳизбии колхоз дар маҷлис ба ҳама коммунистон хитоб мекунад:

- Рафиқон коммунистҳо, аз Райком ба мо нақшаи корӣ фиристонданд. Мо бояд коммунизм ва се бинои фермаи модаговҳоро созем. Барои сохтмони ферма масолеҳ надорем, аммо коммунизмро месозем.

Александр Лукашенко хирадмандона медонист, ки дар инқилоби коммунизм пролетариат фақат занҷири гарданашро гум мекунад. Барои ин шабакаи бонкиро пурқувват карда, ҳамаи занҷирҳои тиллоиро дар бонкҳо гузошт. Ӯ хуб мефаҳмид, ки кумаки ройгон фақат дар қапқони муш асту халос. Дар қапқон ба ҷои панир "Коммунизм"-ро навишта монд. Ҳамаи мушҳои бонкҳои ҷаҳонӣ гурехта рафтанд. Ӯ бемалол аз маблағҳои дохилӣ истеҳсолотро ба по рост кард. Ҳоло шаҳрванди Белорус фақат пули роҳкироро дар киса нигоҳ медорад.

Вақте аз сафари Белорус баргаштам ба завҷаам коммунизми Лукашенкоро нақл кардам. Ӯ даррав табиби рӯҳшиносро даъват кард. Табиб маро муоина карда, гӯшакӣ ба ҳамсарам гуфт:

- Бале, аломатҳои девонагӣ эҳсос мешаванд. Аниқ "зукоми хук" надорад. Чунки ин вирус   аз хук ба хук намегузарад.

Дар асл ман дар Белорус девонаҳоро зиёд дидам. Дар таксӣ мерафтем. Таксӣ ҳисобкунаки маблағ дошт. Мо бовар накарда, дастгоҳи ҳисобкунакро даст-даст карда, боварӣ пайдо кардем. Таксирон аз рӯи ҳисобкунак маблағ пурсид. Бо пули худамон 5 доллар мешудааст. Мо 10 доллар дароз кардем. Таксирон гӯё каждумро ба даст гирифта бошад, бо воҳима долларро партофта гуфт:

- Ман таксирон! Корманди бонк нестам, марҳамат пулро дар бонк иваз кунед.

- Ҳеҷ гапе нест, бақия даркор не!

Бо илтиҷову зӯрӣ низ таксирон пулро нагирифт. Аз ҳисоби худаш боз садҳо чақрим роҳро тай карда, пулро иваз кардем. Девонаи тапа тайёр будааст.

Аммо девонаи ашаддиро дар рӯзи дуюм дучор шудем. Мо дар дуконҳои Минск аз нархи арзони маҳсулот ақлро гум кардем. Шарики ҳамсафари мо дар дукон ҳамёни пул ва ҳуҷҷатҳоро гум кард. Бегоҳӣ мудири дукон ҳамёнро ба меҳмонхона оварда супурд. Бист сол боз чунин девонаро бори аввал медидам.

Хайрият аз шаҳри девонаҳо ба Маскав парвоз кардем. Дар ин ҷо бараъкс одамони ҳушёр зиёданд. Аз ҳама ҳушёр соҳибони тайёраҳои самти Маскав - Душанбе буданд. Дар тайёра роҳнамо паҳлӯи ман занеро бо ду кӯдак шинонд.

-Бубахшед, ман 4 соат нороҳат мешавам - эътироз кардам ба роҳнамо.

- 4 соат тамоми умр не ку - гуфт роҳнамо.

Дар вақти парвоз кӯдакҳо ягона пиджаки навамро, ки бист сол боз мепӯшам, аввал рӯғанолуд карданд. Баъдан партови хӯрокиҳоро ба кисаам меандохтанд. Дандон хоида тоқат мекардам. Аммо тоқатам тоқ шуд. Модари кӯдакҳо тифли дуюмашро бо камарбанди шимам баст...

Мутаассифона бо ҳушёрӣ коммунизм сохтан хеле мушкил аст…

ИҚТИБОСҲО

*** Дар Русия Хирс дар ҷангалҳои Сибир, вале навъи нодири он дар Қасри Кремл дучор мешавад.

*** То мард сухан нагуфта бошад,

Андоз зи мол нуҳуфта бошад.

*** Ҳангоми кандани чоҳ барои дигарон, аз рӯи эҳтиёт дар умқи чоҳ тамоми шароити зиндагиро барои худатон фароҳам оваред.

*** Файласуф фикр ғун мекунад, дузд пул. Сарвати файласуф дуздро ғорат кард.

*** Дили занро тавассути гӯшаш ба даст овардан мумкин аст.

Ба ҳар ҳол аз рӯи эҳтиёт чормағзи пучро низ захира кунед.

Наҷмиддини ШОҲИНБОД

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97