Равшанфикр ё донишманди худогоҳи тоҷик

Фарҳанг ва адаб 12.11.2010 09:12

maniyozov_214

Рӯзи 29 октябри соли 2010 баробар бо 7 мизони 1389 хуршедӣ, конфронси илмӣ дар бузургдошт аз 80 солагии шодравон Абдулқодир Маниёзов аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ ва Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар толори Академияи илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

 

 Дар ин конфронс донишмандон мақолот ва хотиротеро ироа карданд. Китоби "Ёди ёри меҳрубон", ки маҷмӯъаи мақолот ва хотирот дар мавриди устод Маниёзов аст, ба донишмандон муаррифӣ ва тавзеъ шуд.

Абдулқодир Маниёзов кист?

Гуфта шуд, Абдулқодир Маниёзов дар соли 1930 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд зода шуд, дар соли 1953 Донишгоҳи миллиро тамом кард, дар соли 1956 узви Академияи илмҳои Тоҷикистон шуд, аз соли 1972 то 2000 раиси Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ буд. Муддате раёсати "Пайванд" (Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзӣ)-ро бар ӯҳда дошт. Дар 2 майи соли 2008 ба умри 78 солагӣ ҳастиро падруд гуфт.

Ёдоварӣ гардид, ки Маниёзов дар заминаи тарҷума ва шинохти зиндагӣ ва осори Садриддини Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Носири Хусрав, Ибни Сино… корҳои арзишманде намудааст. Бархе аз осори ӯ чунин ба шиносоӣ омад:

Публитсистика ва назми Садриддини Айнӣ (1958), Шеърҳои инқилобии Айнӣ (1957), Нахустин шеъри Айнӣ (1960), Даҳаи адабиёти рус (1960), Ташаккули шеъри Айнӣ (1963), Нашъу намои адабӣ ва санъати тоҷик (1964), Адабиётшиноси тоҷик (1974), Таҳавуллоти шакли бадеӣ дар эҷодиёти Лоҳутӣ (1974), Назаре ба пайвандҳои адабии халқи тоҷик ва афғон (1975), Таърихи адабиёти советии тоҷик (1980), Ҷашнномаи Айнӣ (1983), Луғати русӣ ва тоҷикӣ (1985), Луғати илмҳо (1993), Ҳаким Носири Хусрав (2003), Тарҷумаи китоби Тоҷикон асари Бобоҷон Ғафуров ва ғайра…

Маниёзови равшанфикр

Аммо ман бо шинохте, ки аз Абдулқодир Маниёзов аз соли 1991 дорам, ӯро шахсияте ёфтам донишманд, огоҳ ва равшанфикр. Инҷо ман рӯи вожаи огоҳ, худогоҳ ё равшанфикр такя мекунам.

Абдулқодир Маниёзов равшанфикре аст аз табори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Садриддини Айнӣ, Муҳаммади Осимӣ, Лоиқи Шералӣ ва Муҳаммадҷони Шакурӣ.

Медонем, ки равшанфикр ба маънии таҳсилкарда нест. Шояд як таҳсилкарда равшанфикр бошад ва шояд ҳам набошад. Равшанфикр ба маъни воқеии калима шахсияти огоҳ ва худогоҳе аст, ки дардро аз матни ҷомиъа дармеёбад ва ба худу фаҳми мардум медиҳад. Ҷомеъашиносон ба ин боваранд, ки дар рӯзгори муъосир таҳсилкардаҳо, зудтар аз афроди камсавод масх мешаванд. Фарди таҳсилкарда, ки дар як ришта тахассус дорад, аз лиҳози илмӣ ишбоъ (сер) мешавад, фикр мекунад бар ҳама чиз доност; зеро дипломи доктарӣ дорад ва солҳо таҳсил кардааст. Эътиқод дорад, ки ӯ лоиқтарин аст; аммо ҳамин таҳсилкарда, ки дар риёзӣ, физик, адабиёт ё равоншиносӣ тахассус дорад, шояд дар масоили иҷтимоӣ ва сиёсӣ ноогоҳ бошад. Инҷост, ки мушкил буруз мекунад. Ин фард намедонад ҷаҳон аз кишварҳои ҷаҳони севвум чӣ мехоҳад, маншаи балоҳои нозилшуда дар кишвар аз куҷост? Омили бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон кист? Чаро нооромиро дар шарқ доман мезананд? Ин гуна афрод, ки мутахассиси риштаи худанд, дар мавзӯъоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ нигоҳи сатҳӣ доранд. Ағлаб қазоватҳои иштибоҳомез мекунанд, аз торих, фарҳанг, манофеъи миллӣ ва арзишҳои меҳанӣ огоҳ нестанд ва ё бо таҳсилоте, ки доранд, ҷаҳонватанӣ фикр мекунанд. Инҷост, ки дар хидмати бегона қарор мегиранд, манофеъи миллиро зери по мегузоранд ва бо дониши худ чароғдори ғайр мегарданд. Аммо замоне ки ин фарди таҳсилкарда ба худогоҳӣ мерасад ва огоҳона амал мекунад, муфидтарин узви ҷомеъа мегардад. Маниёзов ва донишиёни дигар, ки ёд кардем, аз ҳамин таборанд.

Равшанфикр касе аст, ки аз дарди мардум ва меҳан месӯзад, агар миллати гирифтори фақр аст ё гирифтори ҷанг ва ё аз нифоқу қавмпарастӣ ва маҳалгароӣ ранҷ мебарад, равшанфикр решаёбӣ мекунад. Ба мардум мегӯяд, бе ҷиҳат ба ин ва он зишт магӯ, дарди ту аз фалон рафтор ва ё сиёсат аст. Равшанфикр дар канори мардум ба ҳеч қиммате ҳозир нест худро бифурӯшад ва рӯи манофеъи мардум по гузорад. Ин фарди равшанфикр эҳтимол дорад таҳсилкарда бошад ва ё бесавод. Чунин равшанфикрон ва худогоҳон агар мутафаккир ва донишманд ҳастанд аз лиҳози фикр ва андеша ва агар бесавод ҳастанд дар саҳнаи амал худро фидо мекунанд. Агар Рӯдакиву Фирдавсиву Носири Хусрав огоҳони донишманд буданд, ба яқин Деваштич, Темурмалик, Восеъ ё Яқуби Лайси Саффор, Тоҳири Фушанчӣ, Афшини Асрушан, Мозиёр, Бобак ва… аз таҳсилкардаҳои бартари рӯзгор набуданд; аммо мардони равшанфикр ва огоҳ буданд. Медонистанд сарнавишти миллату меҳанашон чӣ мешавад. Дар ҳамон замон фаровон таҳсилкардаҳо ба аҷнабӣ пайваста, ба хидмати он рафтанд. Чунин ашхос агар дониш ҳам доштанд, равшанфикру худогоҳ нестанд. Аз инҷост, ки бояд дарёбем ҳар таҳсилкарда равшанфикр нест. Таҳсилкардаҳо коргарони фикрӣ ё мағзианд, ҳамчунон ки коргарони ҷисмӣ дорем, ҳама коргарони фикрӣ равшанфикр нестанд.

Аммо аз Абдулқодир Маниёзов ва ҳамтаборонаш ёд кардем, чи куниши равшанфикрона доштаанд ва бо кадом вижагӣ нисбат ба ҳамгинонашон, ташаххус ёфта ва дар шумори равшанфикрон ҷо гирифтаанд?

Рӯдакӣ дар авҷи арабгароӣ зуҳур кард

Абуабдулло Рӯдакӣ ба унвони андешаварзи огоҳ дар авҷи арабигароӣ ниёзи воқеии ҷо¬меъаро дарёфт, ба офариниш ба забони модарии худ пардохт ва ташаккули адабиёти дариро осон кард. Ӯ дар он рӯзгоре, ки забони форсии дарии тоҷикӣ тоза по мегирифт ва ниёз дошт дар муқобила бо арабӣ аз тавони бештар бархурдор бошад, то худро ҳифз кунад, ба танҳоӣ ин борро ҳамел кард. Як миллиону сесад ҳазор байт суруд, хазинаи бузурги адабиро ҳастӣ бахшид ва сармояи азимеро ба мерос гузошт, то масунияти забон ва фарҳангаш дар сайри рӯзгор асоснок гардад. Рӯдакӣ ин корро огоҳона анҷом дод.

Фирдавсӣ асосгузори бонки вожагон

Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ бо 9000 вожаи ноби форсии дарӣ шаст ҳазор байт суруд, бонки вожагони забонро асос гузошт ва бо сароиши ҳамосаи достонӣ ва торихии миллаташ, поринагии миллат ва фарҳанги хешро асоснок кард. Дар ин роҳ сармоя ва оромиши хешро аз даст дод, ӯ ин корро огоҳона анҷом дод, на ба гунаи тасодуф. Худро фидои фарҳанг ва забону миллаташ кард. Худогоҳии равшанфикронааш аз ин гуфта пайдост:

Басо ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,

Аҷам зинда кардам бад ин порсӣ.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Рӯ овардани Носири Хусрав ба Фотимиён

Носири Хусрав бо ҳузур ва қудратёбии касоне, ки онҳоро бардаи худ медонист, тан ба зиллат надод, роҳи сафар пеш гирифт то равзанаи наҷот дарёбад. Дарбори Аббосиёнро бо Салҷуқиён ҳамоҳанг ёфт ва ба Фотимиёни Миср рӯй овард. Мазҳаби исмоилии ононро пазируфт то ҳимоят ёфта бошад дар ҷиҳати заволи бардагони ҳоким дар Хуросон, ки нишонест аз худогоҳӣ ва равшанбинии Носири Хусрав.

НАМУНАИ ТОҶИКИИ АЙНӢ

Садриддини Айнӣ дар шароите, ки забон ва миллаташро инкор карданд ва русҳо бо ҳамкории пантуркистҳо тоҷикон ягона зимомдорони Осиёи марказиро аз давлатдорӣ маҳрум карданд, бо шаҳомат ва огоҳона истод ва амал кард. Китоби "Намунаи адабиёти тоҷикӣ"- ро навишт ва дар он се сад шоирро ки бо алқоби (тахаллуси) Бухороӣ, Самарқандӣ, Намангонӣ, Андиҷонӣ, Тирмизӣ, Хуҷандӣ ва... аз ҳазор сол қабл дар Мовароуннаҳр зист доштанд, сабт кард. Ва бо ин бурҳони инкорнопазир мункирони поринагии забон ва миллати тоҷикро бар ҷояшон нишонд. "Намунаи адабиёти тоҷикӣ"- ро дар соли 1926 баъд аз чоп душманон оташ заданд, аммо Айнӣ ба унвони марди худогоҳ ва равшанфикри фидоии миллат, ором нанишаст ва бори дигар дар муқобили Бухарин, ки амри оташ задани китобашро дода буд, аз он дифоъ кард ва иҷозаи нашр гирифт. Дар чунон шароити боэҳтиёт чунин фидокорӣ фақат аз мардони сохта аст, ки дар авҷи равшанфикрӣ ва огоҳӣ қарор доранд.

Лоиқи равшанфикр

Лоиқи Шералӣ аз дарди фарҳангу миллаташ оташин аст. Месӯзад ва наметавонад бисозад. Дарди ӯ дарди фаромӯшношуданист, дар дилаш меҷӯшад ва бар забонаш ҷорист:

Бас буридандат забону бас шикастандат миён,

Боз гӯё, боз пӯё, боз поё мондаӣ,

Мондаи гар нимаҷону нимазинда то ҳанӯз

Бо суруди Рӯдакӣ, бо тибби Сино мондаӣ.

Мондаи гар пок ҷону пок домон то ҳанӯз

Бо китоби Ҳофизу осори Мавло мондаӣ.

Лоиқ дар замоне, ки иттиҳоди Шӯравӣ сиёсати ҷудоиандозиро пеш гирифтааст ва тоҷику ирониву афғониро аз ҳам ҷудо медонад, огоҳона месарояд. Авҷи худогоҳии Лоиқ онгоҳ таборуз мекунад, ки мегӯяд:

Домани кӯҳ гирифтему думи маркаби хеш

Рафт аз даст ҳама домани дашту даманам.

Ай Хуросон, ту бигӯ соати Иронвиҷ ку

Ман аз ин фоҷиъа чун шиква ба аъдо накунам.

Талошҳои Осимӣ ва дардҳои Шакурӣ

Муҳаммади Осимӣ худогоҳи дигарест, ки пайвандҳои фарҳангӣ ва забониро устувор сохт, анҷумани "Пайванд"-и тоҷиконро эҷод ва раҳбарӣ кард ва бар сари ин ормон ҷон гузошт.

Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ марди худогоҳе, ки аз дард қаламаш мегиряд ва аз он рӯзе, ки маҷоли гуфтанро заволи Шӯравӣ муяссар кард, ҳама ногуфтаҳоро менависад. "Хуросон аст ин ҷо", "Фитнаи инқилоби Бухоро" ва навиштаҳои дигараш баённомаи ногуфтаи миллати тоҷик аст, ки барои нахустин бор ҳастӣ меёбад. Ӯ аз торих, аз фарҳанг, аз дард ва аз сарватҳои барбодрафтаи миллаташ сухан мегӯяд. Ҳарчанд таҳсил кардагони ноогоҳ ба боди тӯҳмату ифтихораш мегиранд, аммо ӯ бо вуҷуди заъфу пирӣ шабу рӯз менависад то худои нахоста нуктаи нагуфта намонад. Ҷо дорад чунин фарҳехта марде, ки ошиқи волои ӯ болои миллат ва фарҳангаш аст, бар дастҳову дидагон ҷо дошта бошад, ки огоҳтарин нависандаи рӯзгораш аст.

Маниёзови амалгаро

Агар устод Шакурӣ бо навиштаҳояш миллатро ба бедорӣ мехонад, Абдулқодир Маниёзов дар шароити хавфу куштори коммунистӣ ба гунаи амалӣ, ториху фархангу миллаташро посдорӣ кард. Дар замоне ки адабиёти ҳазорсолаи тоҷикро инкор карданд, қасидаву ғазалро ба унвони падидаҳои ашрофӣ марбут донистанд ва ҳама офаридаҳои адабию ирфонию торихиро як мушт дингароӣ ва ситоиши сӯфиёна муаррифӣ карданд ва ҳама маънавият инкор шуд, яктана истод.

Маниёзов худро бо забони фохири адабӣ муҷаҳҳаз кард, адабиёти классикро омӯхт ва ҳатто забони гуфториашро низ адабӣ сохт. Бад ин сон ба мункирони забон ба гунаи амалӣ нишон дод, ки забони адабии ман забони кӯча нест ва адаби ҳазорсолаи ман адаби омиёна нест. Агар бовар надорӣ, биё маро бишнав то дарёбӣ ин забон аз чи вазну оҳангу сохторе бархӯрдор аст. Забон ва баёни перостаи Маниёзов ҷавоб буд барои ҳама мункирон.

Агар фидокории ин огоҳон ва равшанфикрон забон ва миллати тоҷикро наҷот бахшид, имрӯз низ ин забон ва фарҳанг дар ростои шугуфоии хеш ба фидоиёни худогоҳе ниёз дорад то ҷӯйбори тоҷикии фарҳангу адабро ба дарёи пурзулоли забону фарҳанги форсии дарии тоҷикӣ пайванд диҳад то офаридаҳои Душанбеву Суғду Хатлонро дар Балху Ҳироту Исфаҳону Шерозу Теҳрон бе мушкил замзама кунанд ва баракс низ.

P.S. Мутаассифона унвони муҳимтарин китоби Устод Айнӣ "Намунаи адабиёти тоҷикӣ" ҳамеша дар баргардони кириллии он барғалат омадааст ва бо чӣ иллате ин ғалатро адабиётши¬носон ва забон¬шиносон нодида гирифтаанд. Ахиран ин китоб боз ҳам бо унвони ғалати "Намунаи адабиёти тоҷик" мунташир ва дар ҷамъи фарҳехта¬гон муаррифӣ шуд.

Доктор Шамсулҳақ ОРИЁНФАР

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97