Бизан сурма, ки бо сурма ҷавонӣ

Фарҳанг ва адаб 18.11.2010 09:41

surma_1

Чанде қабл яке аз ҳамкорон бо саволе ба ман муроҷиат кард, ки бойиси нигоштани ин матлаб шуд. Саволаш ин буд, ки "Оё Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам сурма мекашид?". Бе даранг посухаш додам, ки "бале". Аммо "бале" барояш кофӣ набуд. Аз ман хост бо такя ба манобеъи мӯътамади ривоятӣ посухи ин саволро барояш равшан созам.

Пайғамбар (с) ва сурмакашӣ

Дар ҷустуҷуҳои интернетӣ дарёфтам, ки Имом Тирмизӣ ва Абу Довуду дигар муҳаддисон сурмакашии Пайғамбар алайҳиссаломро ривоят намудаанд. Ва барояш низ инро расонидам, вале боз пурсид, ки оё ин китобҳоро   дораму барояш таҳия карда метавонам?

Инҷо буд, ки барояш посухи манфӣ додам, вале ин исрору ҳирси ғайри оддӣ эҳсоси кунҷковии маро боло бурду пурсидам, ки чаро ӯ дар ин масъала ин қадар ҷиддист? Гуфт, ки сурмакашии Пайғамбари исломро ҷойе хондаасту акнун дақиқан дар ёдаш нест, ки дар куҷо. Бо ҳамдарсонаш инро матраҳ намудаасту онҳо бовараш накардаанд. Биноан дар садади исботи ин аст то аз он вазъият худро бираҳонад ва тани танҳо дар муқобили ҷамъи бузурги ҳамдарсонаш ғолиб ояд.

Сурма зиннат барои кист?

Дар миёни мардуми мо сурма асосан зиннате барои занон аст ва танҳо хонумҳову бонувони зебои тоҷиканд, ки бо сурма задан ҷамоле рӯйи ҳусни худ зам мекунанд. Вале бо убур аз дарёи Омӯ ба тарафи Афғонистону Покистону кишварҳои арабӣ ба ҳақиқати дигаре рӯ ба рӯ мешавем. Сурма дар он сарзаминҳо зиннати муштарак барои марду зан аст. Ҳам мардон онро истифода мекунанду ҳам занон.

Сурмаи Тоҷикистон аз куҷост?

Бар иловаи сурмаҳое, ки тавассути ширкатҳои косметикӣ ба кишвари мо сарозер мешаванд, бештари бонувони тоҷик тарҷеҳ медиҳанд аз сурмаи Помир, ки шаклан сурмаи табиъӣ ва безарартар ба назар мерасад истифода кунанд. Сурмаи сиёҳи сангӣ, ки аз Помир оварда мешавад, тибқи гуфтаи яке аз фурӯшандагони он асосан аз Бадахшони Афғонистон ворид мешавад. Бонувони бадахшӣ ҳатто сурмаҳое доранд, ки аз ду насл ба онҳо мерос мондааст. Дар Бадахшон сурмаҳои дигаргунае низ ҳаст, ки аз сиёҳии нӯки як алафи махсус таҳия мешавад, вале таҳияи ин намуди сурма рӯ ба инқироз аст, чун бозорҳо аз сурмаҳои сангӣ пур шудаанд.

Сурма – суннати фаромӯшшудаи ислом

Шояд аз тамоми ровиён Имом Тирмизӣ ҳаст, ки бештар аз дигарон ривоятҳои сурмакашии Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва салламро ривоят намудааст. Тирмизӣ ҳадисеро аз Ибни Аббос аз Пайғамбар ривоят намудааст, ки Ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам мегӯяд: "Ба чашмонатон сурмае бизанед, ки аз исмид бошад. Он биниши чашмро пурзӯр намуда, миҷҷаҳои чашмро зиёд менамояд".

"Исмид"- сурмаи сурхчатоби сиёҳ аст. Аз рӯйи шарҳи ровиёни ҳадис ин сурмаи исфаҳонӣ ҳаст ва Исфаҳон шаҳрест дар Ирон. Дигар шореҳони ҳадис фармудаанд, ки "исмид" ин "тӯтиёст". Ҳамон тӯтиёе, ки адабиёти паҳновари форсӣ аз зикру васфи он пур аст:

Дидаи сарро агар сурма бибахшад фурӯғ,

Кӯрии дилро чӣ суд макҳалаи тӯтиё?

Файзии Ҳиндӣ

Ва ё ба қавли Саъдии Шерозӣ:

Касоне, ки пӯшида чашму диланд,

Ҳамоно к- аз ин тӯтиё ғофиланд.

Ё ҳамон байти миёни мардуми мо машҳур:

Ай бародар, хоки поят тӯтиё,

Гар ту моро дӯст медорӣ, биё!

surma_2Инчунин Ибни Аббос разияллоҳу анҳу фармудааст, ки Пайғамбар алайҳиссалом қуттии хосе барои сурма доштааст. Зимнан яке аз сомонаҳои интернетӣ акси ҳамон қуттии сурмадони Пайғамбари исломро оварда навиштааст, ки сурмадони Ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам то ҳол дар яке аз осорхонаҳои Миср маҳфуз аст. Тибқи аксари ривоятҳо Ҳазрати Расулаллоҳ саллалоҳу алайҳи ва саллам қабл аз хобидан се бор бар ҳар чашми худ сурма мезадааст.

(Қуттии сурмаи Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам (Масҷиди Ҳусейн), Қоҳира (зернавишти акс-С.Ю.).

Зарару фоидаи сурма

Бо ин ки сурма яке аз суннатҳои исломист ва кашидани он на танҳо барои занону бонувони мусалмон, балки барои мардҳо низ мустаҳаб аст, бархе аз пизишкон истифодаи онро барои чашм зарарнок хондаанд. Аз рӯйи сомонаҳои англисизабон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ворид намудани сурма расман мамнӯъ шудааст, зеро ба бовари табибони амрикоӣ истифодаи сурма метавонад бойиси заҳролуд шудани чашм гардад. Аммо сомонаҳои исломӣ ба мавзӯъи зарароварии сурма низ дахл намуда навиштаанд, ки зарарнокии он аз навъияташ вобаста аст.

Навъҳои арзони сурма бо таваҷҷӯҳ ба маводи кимиёие, ки дар сохтани он истифода шудааст, зараровар мебошанд, вале навъҳои дигари он ва сурмаҳои табиъӣ баракс хеле барои чашму дид фоиданоканд. Ҳатто ба эътиқоди бархеи онҳо сурмаи хуб беҳтарин муҳофизат аз нурҳои зараровари компютерӣ барои истифодабарандагони он мебошад.

Саъдии ЮСУФӢ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97