Сухан гуфтан на осон аст ин ҷо…

Фарҳанг ва адаб 13.11.2010 08:54

ustod-kanoat1

Мусоҳибаи шоири соҳибноми тоҷик, устод Мӯъмин Қаноат, ки дар чаҳор шумораи нашрияи "Миллат" дар моҳи август ва сентябри соли равон ба чоп расида буд, миёни ақшори ҷомеъа сару садои мухталиф эҷод кард.

Устод нишон дод, ки ҳанӯз чун як зиёии воқеъии миллат, чун як сутуни адабу маънавиёти миллӣ, чун як шахсияти бузургу баркамол ва андешапардози камназир то кунун ҷои худро ба касе надода ва ҳанӯз ҳарфе барои гуфтан дорад. Устод Қаноат собит кард, ки ҳанӯз ҳам бо ҳушмандӣ, бо ҳайкали қавӣ ва бо сурати мумиёӣ намунаи олии тоҷик ӯст. Ӯ собит карда, ки бо ҳама солхурдагӣ ҳанӯз ҷавон ва нерӯманд ва ҳанӯз чеҳраи баландболо ва зиёии шумораи аввали миллат аст.

Аммо сӯҳбатҳои устод Қаноат на ба ҳама писанд уфтод, ки ин албатта дар шароити ҷоме¬ъаи демократӣ як амри табиист. Зангҳои бешумори телефонӣ ба идораи "Миллат" ва ба суроғи дарёфти он мусоҳиба ба ғурфаи мо сар халондани чанде аз аҳли қалам далели таваҷҷӯҳ ба мусоҳибаи устод аст. Ҳанӯз мардум ба суроғи шумораҳое меоянд, ки мусоҳибаи устод Қаноат нашр шуда буд.

Фарҳангиёнамон назди мо меомаданд ва мусоҳибаи устодро ҷӯё мешуданд ва ҳам ҳарфҳое чанд дар мавриди он андешаҳои устод радду бадал мекарданд. Бароямон хеле аҷиб буд, ки чаро аҳли зиё, шоиру нависандаҳои мо рӯзнома намехонанд, ки бо гузашти як моҳ аз нашри он мусоҳиба аз касе ё дар сӯҳбати оростаи хоссае дар бораи он шунидаанду акнун "Миллат" меҷӯянд. Албатта, ҷойи нигаронист, ки вақте зиёии миллат рӯзнома намехонад. Боз гила аз устод Қаноат мекунанд, ки чаро чунину чунон гуфтааст. Чуноне гуфтем, дар мавриди мусоҳибаи устод Қаноат андешаҳо мухталифанд, назарҳои интиқодӣ ва мухолифро бароямон гуфтанд ва расониданд, вале расман то кунун касе посухи хешро ирсол накардааст. Бо камоли майл назари хонандаҳои сомонаи интернетии "Миллат"- ро дар мавриди он сӯҳбати устод Қаноат пешниҳод менамоем.

Аммо қабл аз он "Хуни қалам"-и Бозор Собир нашр шуд, ки дар он чанд ҷо бо забони шеър муҳаббат ва самимияти худро ба Мӯъмин Қаноат иброз кардааст.

Оинаву оини шумо фарқ надоранд,

Дар ҳарду, ки ман менигарам, қарқ надоранд.

Бештар аз ин як пора суол ва сӯҳбати Бозор Собир бо шоири мӯҳтарам ва хушзавқамон Низом Қосим баёнгари ҳамчунон мунҳасир ба фард будани шахсияти Мӯъмин Қаноат аст. Бозор аз шогирди худ мепурсад, Низомиддин, мегум баъзан фикр мекунӣ, ки ранги Муъмин Қанаотӣ, не? Не нагӯ, худам ҳам баъзан ҳамин хел фикр мекунам, ки ранги Мӯъмин Қаноат бошам.

Чӣ ҳасади зебо! Шумо низ мунаққидони мӯҳтарам, талош кунед, Мӯъмин Қаноат не, аққалан ранги ӯ бошед.

Аҳсант 13.09.2010 07:58

Аҳсант, ба Устоди гиромӣ Мӯъмин Қаноат! Беҳтарин суханҳоро иброз намуданд, воқеан ҳам омӯзанда буд ва ин суханҳо роҳе ҳастанд барои пешрафти ҷомеъа ва эҳёи воқеии миллат, вале аз тариқи илм ва дониш ва на аз роҳи таърифу тавсиф. Умедворем, Раиси мӯҳтарами ҷумҳури мо дар оянда уламои воқеӣ ва насли ҷавони донишмандро ба ҳукумат ҷалб намуда, миллати Тоҷикро бо илму дониши воқеӣ боз ҳам қавитар месозад.

Хонанда 16.09.2010 08:23

Дуруст аст, ҳар чӣ Устод мефармоянд. Андешаи тоза ва қобили қабул аст!!!

Шоҳин 17.09.2010 07:16

Олиҷаноб. Устод зиндаву саломат бошед. Аммо як пешниҳод дорам, оид ба тарбияи насли наврас дар чаҳорчӯби миллӣ:

Мо бояд аз кӯдакӣ ҳисси миллӣ дошта бошем. Кӯдакони мо аз давре, ки гапзаниро ёд мегиранд, мо бо фахр ба онҳо меомӯзонем, ки худро "кӯлобӣ, қӯрғанӣ, душанбегӣ ва ё "местный", ванҷӣ, дарвозӣ, бадахшӣ, масчоҳӣ, панҷакентӣ, хуҷандӣ" ва ҳоказо гӯянд. Ягон маротибае надидаам, ки кӯдаке худро "ман тоҷикам" гуфта бошад.

Маҳмадалӣ, Сибир. 03.10.2010 15:30

Оқои Мӯъмин Қаноат боз иштибоҳе карданианд, ки солҳои 90 карда буданду баъдтар афсӯс хӯрданд. Ба фикри Мӯъмин Қаноат анҷумани "Пайванд"-ро бояд Иронпарастон пеш баранд??? Анҷумани "Пайванд" бояд дар зери нуфузи сиёсати созандагии Ҳукумати Ҷумҳуриамон кор кунад ва танҳо бо равобите, ки бо зиёиёни Эрон ин Анҷуман дорад, қаноатмандӣ накунем. Зеро, тоҷикон ва форсизабонони дунё танҳо дар Эрон иқомат ба сар намебаранд.

Амина 06.10.2010 08:04

Беҳтарин мусоҳиба, дар ниҳоят як нафаре пайдо шуд, ки дарди дили мардумро гуфт. Аҳсант, Устод! Воқеан, ҳам дуруст ва хеле хуб зикр кардед, ки як иддаи мардум баъзе масъулинро гӯш намекунанд, онҳо ба вазифа лоиқ нестанд, мегӯянд. Дар ҳоле, ки худашон барои ободонии миллат ба ин давлатмардонамон ҳазорҳо монеа эҷод мекунанд. Зинда бошед Устод! Бузургии худро бори дигар исбот кардед.

Фитрат 07.10.2010 07:12

Офарин, Устод!!! Исбот намудед, ки шоир будан кори бағоят сахту душворе ҳаст. Алалхусус, вақте шоир бо эҳсосу бо дард бошад. Мо бо ин ҳарфҳоятон қаноат ҳосил намудем, ки шумо дар синаи миллати мо ҳамчун дил ҳастеду будаед ва мо то вақте шуморо дорему шумо баринҳоро миллатем на анбори гил.

Шоир андар синаи миллат чу дил,

Миллате бе шоире анбори гил.

Нилуфар 22.10.2010 10:38

Офарин! Хеле шеъри зебо, аз масъулини "Миллат" хоҳиш мекардам, ки агар имкон бошад, ҳамин шеърро дар ҳафтаномаатон ҳам чоп мекардед.

Хонанда 27.10.2010 12:07

Ин беҳтарин сӯҳбати як расона бо як зиёии миллат буд, ки ман тайи солҳои ахир хондам. Ташаккур аз муаллифон ва аз Устоди арҷманд. Як сӯҳбате буд, ки дар он тамоми дарди ин миллат бо як забони дастрас ва асили тоҷикӣ баён шудааст. Кош чунин сӯҳбатҳо зиёдтар нашр мешуд ва чун нуре роҳи моро равшан мекард.

Даврон 29.10.2010 07:53

Хеле сол аст, интизор будам, то як нафаре пайдо шавад, ки парда аз рӯи баъзе хатоҳое, ки ба бузургӣ табдилашон додаанд, бардорад. Ба номи шоир ва донишманде чун Мӯъмин Қаноат ифтихор мекунам.

Rustam 29.10.2010 07:55

Bale "KHONANDA" durust megued. Behtarin suhbat ast, ammo medoned on baroi ustod bo chi anjom yoft. U aknun radi marakahoi hukumati shud. aknun hama namudi baromadhoyashro dar tv radio va haftanomahoi davlati man' kardand. shoyad digar uro dar ma'rakahoi hukumati ham da'vat nakunand. Chun dar jashni zabon 5 oktyabr dar majkisgoh nadidamash va yo shoyad rejisyor bo farmoni bolo makhsusan uro nishon nadodaast

Сабзбаҳор 29.10.2010 07:59

Устод Қаноат бо ҷуръати хос ба худашон суханеро гуфтанд, ки дигарон дар гуфтани он ҳеҷ гоҳ ҷуръат намекунанд. Барои онҳо танҳо як роҳ боқӣ мемонад - дар пушти дарҳо тӯҳмату бадном кардани Устод Қаноат. Мо ин иғвогарии онҳоро ду рӯз пеш дидем.

Bahodur 29.10.2010 08:04

Чанд сол аст, аз Тоҷикистон дурам. Аз торнамои "Миллат" сӯҳбати устод Қаноатро хонда дилам дубора ба Тоҷикистон гарм шуд. Дар миёни садҳо фитнагару тамаллуқкору тарсу чунин сухан гуфтани Устод Қаноат танҳо қаҳрамонист. Воқеан, миллати бешоире анбори гил аст (ва на ҳар шоире номбардори миллат аст).

Меҳрангез 29.10.2010 08:11

Зиҳӣ марди солору бузург Устод Қаноат!

Мухлис 29.10.2010 08:34

Эҳеееее Рустам, Устод дигар ба касе ниёз надорад. Баръакс, ин моем, ки ба Ӯ ниёз дорем. Даъват накарданд, накунанд, ҳич гап нест. Муҳим ин ки Устод ҳарфи хешро гуфт. Дуруд бар Устод. Сано бар миллате, ки чунин Шоир дорад!

Меҳрангез 29.10.2010 08:37

Ба бародарони бузургвор Рустаму Даврон гуфтаниям ки мо набояд барои носипосии касоне нотавонбин, ки аз номи ҳукумат ба Устод мекунанд, нороҳат бошем. Устод Қаноат аз он дағдағаҳо болотар аст ва ба мову лутфу марҳамати мо дигар ҳаргиз ниёз нахоҳад дошт. Ин мо ҳастем, ки ба ӯ ниёз дорем.

Абдулқодири Алавӣ 21.10.2010 19:24

БАРОИ УСТОД МӮЪМИН ҚАНОАТ!

Аз Майистони** кӯҳан пайомбаре,

Барфарохта з-ошён боло саре,

Аз дили Зардушт хикоят мекунад,

Хирқа аз Фирдавсӣ карда дар баре.

Хирқааш на аз матои тору нах,

Хирқаи хос асту аз нах беҳтаре.

Хирқаи илм асту нур асту шуур,

Лек бор бар дӯш не, ақли саре.

Вазну аркони сухан санҷидааст,

Аз даруни байт ё ҳар мисраъе.

Доди алфози дариро додааст,

Дар миёни анҷуман аз минбаре.

Чун уқоб болпарасту сарфароз,

Дар самои бекарон чун ахтаре.

Ахтари тобандаи дилҳо шуда,

Аз каломи шеър сохта зеваре.

Достон аз қаҳрамонӣ гуфтааст,

Ҳамчу Фирдавсӣ ба алфози дарӣ.

Паҳлавони нав дар назми Аҷам,

Дар каломи маънавӣ чун сарваре.

Аз дили дарёи гавҳардори Панҷ,

Аз садаф берун шуда як гавҳаре.

Орзу дорад ба тангнои дилаш,

То аз ин миллат бисозад пайкаре.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97