Шӯхиҳои Шоҳинбод

Фарҳанг ва адаб 22.11.2010 09:50

144Ҷустуҷӯ мешавад

Шаҳрванди ҷумҳурӣ Сафаров Шералӣ, соли таваллудаш 1967, аз тарафи Интерпол, Европол ҷустуҷӯ мешавад. Нишонаҳояш: Қадаш 180 сантиметр, чашмони кабуд дорад, дар самти чапи китфаш изи захми кафлеси оҳанин ҳаст.

-Ин ҷинояткори хатарнок будааст- пурсид Асадбек аз навбатдор.

-Не, ин кас се моҳ боз маош нагирифтааст. Муҳосиби корхонааш ҳисоботи солона дода наметавонад.

Хабарҳои мухтасар

Кумитаи забон ва истилоҳот, олимони Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт бо сабаби бӯҳрони молиявӣ аз Алифбои тоҷикӣ боз 4 ҳарфро ихтисор мекунанд. Истифодаи ҳарфи «Ю»-и алифбои русӣ то ҳал шудани масъалаи боҷи иловагии сӯзишвории Русия қатъ мегардад. Ҳарфи «қ» низ дар сурати идома ёфтани боздошти қаторҳои Тоҷикистон дар ҳудуди Узбакистон аз алифбои тоҷикӣ бадарға мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанд сол пеш дар фазои даргириҳои сиёсӣ ҳарфи «ц», ки аслан моли ориёиҳо буд, аз Алифбои тоҷикӣ депортатсия шуд. Коршиносон мегӯянд, ки бо ин ҳарф шӯҳрати ҷаҳонии Цирки тоҷик низ рафт.

Собиқ мири шаҳри Маскав Юрий Лужков дар сабӯкдуш шудананаш аз мансаб аз муҳоҷирони кории тоҷик гумонбар нест. Бо вуҷуди ин дар таъин кардани Сергей Собянин ба мақоми шаҳрдори Маскав Президенти Русия бо муҳоҷирони тоҷик маслиҳат карда будааст.

Меҳмон

- Ман бароят маслиҳати муфид медиҳам. Барои халос шудан аз меҳмон барояш ҷомадон харед. Порсол аз қишлоқи дур бародари занам омада як моҳ дар хона нишаст. Ба ӯ ҷомадон харидам. Рӯзи дигар хайрухуш карда рафт.

Баъди ду ҳафта Асадбек Хоркашро дар бозор дучор омад.

-Маслиҳати ман фойида дод?

-Дирӯз даҳум ҷомадонро харидам. Ман ҷомадон мехараму вай пур карда ба модараш молу коло мефиристонад.

Устод

Мулоқот бо ҷавонтарин генерал. Толор пур аз мардум. Пас аз нақли қаҳрамониҳояш генерал гуфт:

-Ҳоло ба саволҳои шумо ҷавоб медиҳам. Марҳамат, саволҳои мушкилро интизорам.

-Ҷаноби генерал, дар суханрониатон чанд бор прапоршик Қадамшоевро устоди худ зикр кардед?

-Бале, дар тақдири ман саҳми ин марди далер хеле бузург аст.19 сол қабл дар назди бозори «Баракат» ӯ маро дар «облава» қапида, ба хидмати аскарӣ гусел карда буд.

Таъсири реклом

-Воқеан реклом хеле зуд таъсир мерасонад. Субҳ дар рӯзнома дар бораи бонки мо эълон чоп шуд. Хеле олиҷаноб! «Бонки қарздиҳии «Таваккал» барои тиҷорат то 50 ҳазор доллари амрикоӣ маблағи нақд қарз медиҳад. Дар 1 сол ба 1200 нафар мизоҷон қарз дода шуд. Фақат тайи як ҳафта 25 нафар қарзҳои калон гирифтанд». Баъди гузашти 5 соат аз нашри эълон 23 нафар муштариёни бонк ғорат шуданд. Шабона ғоратгарон ба идораи рӯзнома даромада талаб карданд, ки минбаъд эълонҳоро фаҳмотар, бо нишон додани суроға ва телефони муштариён чоп кунанд.

Табиби мардумӣ

-Ба шумо даҳ бор таъкид кардам, ки бо гӯсола ба корхона набиёед. Ин ҷо чарогоҳ нест! Ин корхонаи азим!- бо ғазаб дод зад Сардор ба Асадбек.

Дар ҳақиқат се ҳафта боз аз пушти Асадбек гӯсолааш чун саги хонагӣ ба идора меояд. То анҷоми кор ӯро мунтазир мешавад. Асадбек гӯсоларо бо занҷир ҳам баста буд, аммо худашро раҳо карда, ба таги дари корхона меомад. Бечора Асадбек асрори ин мӯъҷизаро дирӯз фаҳмид. Завҷааш Мағалмоҳ аз таҳхона ба модараш занг зада мегуфт:

-Оча, ман корро расво кардам. Доруи гармкунаки муҳаббатро, ки барои шавҳарам фиристондед, гӯсола хӯрд.

Саҳархез

-Хеле аҷиб. Тамоми аҳли оилаи Асадбек субҳи барвақт мехезанд. Ман ҳар пагоҳӣ базӯр фарзандонамро аз хоб бедор мекунам. Ҳар рӯз реҷаи Асадбекро ба фарзандонам таъриф мекунам.- ҳасрат кард Хоркаш.

-Фикри олиҷаноб. Таҷрибаи Асадбекро дар корхона татбиқ мекунем. Бигузор Асадбек аз тарбияи фарзандон ба ҳама нақл кунад - таклиф кард Савлатшоҳ.

-Не, ин имкон надорад,-шармгинона гуфт Асадбек.

-Ту ҳар субҳ фарзандонро қамчин намезанӣ, ҳақорат намекунӣ. Ҳатто овозатро намешунавем - гуфт ҳамсояааш Тоҳир.

Аммо Асадбек сирри ин дастовардашро намекушод. Сардори корхона ӯро наздаш хонда таҳдид кард:

-Агар аз таҷрибаат нақл накунӣ, аз мукофот маҳрум мешавӣ!

-Майлаш мӯҳтарам Сардор. Фақат ба худи шумо мегӯям. Дар хонаи ман 4 писар аст. Мо ду адад кафш дорем. Ҳар касе барвақт хест, пӯшида меравад.

Табобат

-Вазъи саломатии шумо хуб аст,- гуфт табиб ба Асадбек. Шумо аслан аз чӣ шикоят доред?

-Духтурҷон, ман фаромӯшхотир шудаам. Ҳар субҳ дар кӯча фаромӯш карда, тамоми пулҳоямро ба гадоҳову муфтхӯрҳо медиҳам.

Табиб дорухат навишта, як соат бо усули равоншиносӣ Асадбекро муолиҷа кард. Асадбек бардам аз кати табиб бархоста бо хурсандӣ гуфт:

-Акнун каме сабук шудам. Раҳмат духтурҷон!

-Раҳмат, дуо нек аст, аммо дар баробари дуо 20 сомонӣ маблағро низ супоред!

-Не, духтурҷон, ман тамоман сап-сиҳат шуд.

Дору

-Духтурҷон, илтимос занамро табобат кунед. Дар рӯяш холҳои сиёҳ пайдо мешавад, - гуфт Асадбек ба духтур.

-Шумо пеш аз даромадан ба назди духтур сараввал ба лавҳаи дар нигоҳ кунед. Ман табиби рӯҳшинос. Ба занатон духтури пӯст даркор, ранҷидахотир гуфт табиб.

-Фаҳмидам. Духтури пӯст дору таъин кард. Лекин як ҳафта боз занам доруро ба оина мемоладу халос.

Кати ҳаводор

-Айбдоршаванда Асадбек   Шумо бори дигар тарзи куштани завҷаатонро шарҳ диҳед,- гуфт судя.

-Аввалан узр, ман завҷаамро накуштаам. Ин як ҳодисаи тасодуфӣ буд.

-Набошад, ҳодисаи тасодуфиро нақл кунед.

-Мо кати хоби хитоии ҳаводорро харидем. Пеш аз хоб катро дам карда, бо ҳаво пур мекардем. Баъзан шабона ҳавои кат кам мешавад. Ман боз онро бо ҳавокаши электрикӣ пур мекунам. Он шаб хоболуд нафаҳмида, ҳавокашро ба завҷаам пайваст кардаам ва…

Пайдоиши одам

-Акнун ба таҳлили иншоҳо дар мавзӯи «Пайдоиши одам» шурӯъ мекунем- гуфт муаллим.

-Асадбек пайдо шудани одамро аз маймунҳои заншакл донистааст. Комилҷон одамро аз гӯсфанд пайдо шудааст, - мегӯяд. Аммо фарзияи Хоркашро нафаҳмидам. Канӣ Хоркаш, шарҳ диҳед, чи тавр одам аз кати хоб пайдо шудааст?

Саршумори ҳайвонот

-Шумо чанд сар ҳайвони хонагӣ доред? -пурсид раиси ҷамоат аз Мағалмоҳ.

-Ду сар моли шохдори калон, як сар бешох ва 20 сар моли майда дорем,- ҷавоб дод Мағалмоҳ.

-Занак дурӯғ нагӯй, мо ду сар шохдори калон дорем,- эътироз кард Асадбек.

-Хап шин! Ҳайвони бешох,-дод зад Мағалмоҳ ба шавҳараш.

Облава

-Вой дод! Ёрӣ диҳед, писарамро дар «облава» қапида ба хидмат бурданд.

-Ин қадар доду вой нагӯед. Кӣ, кай, дар куҷо писаратонро гирифта бурд-пурсид Хоркаш.

-Дирӯз дар назди қиморхонаи «Ҷоми фалак» кормандони Ҳизби наҳзати ислом ӯро қапида ба хидмат бурданд.

-Нафаҳмидам, Ҳизб ба даъват чӣ дахл дорад,- суол кард Акрамшоҳ.

-Додарам, писарамро ҳизб аз кӯча дастгир карда ба хидмати падари пирашон бурдаанд.

Иқтибосҳо

Қадри номзади илм ва номзад ба арӯсӣ аз муҳаббати сардор вобаста аст.

Сиёсатмадорон агар рӯ ба мардум оранд, ҳатман пушташон ба тарафи ҳукумат мешавад.

Хомӯшӣ тилло аст. Агар зан хомӯш бошад -нархи тилло се баробар меафзояд.

Дар асри 21 барои гум нашудани ҷои ақл, дар ташноб истифода кардани рӯзномаву маҷаллаҳо манъ карда шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97