Қисмати дуввум
Солҳои донишҷӯии мо, консертҳо соле як маротиба дар театри тобистонаи назди чойхонаи "Роҳат"-и шаҳри Душанбе мегузаштанд, ки дар он, бо навбат шаби эҷодии Зафар Нозим, Ҷӯрабек Муродов, аҳён-аҳён аз устод Одинаи Ҳошим баргузор мегашт ва мо донишҷӯён тамоми "чораҳоро" меандешидем, ки ҳатто, бе ҷо, рӯи по истода онҳоро тамошо кунем.
Хушбахтона, ман дар тули панҷ соли донишҷӯӣ аз ҳамаи ин консертҳо баҳра бурдаам. Боре, ёдам ҳаст, ки дар яке аз чунин консертҳо, ҳангоми сурудхонии устод Ҷӯрабек Муродов, торе аз "торашон" канда шуд ва баъди фурсате дидем, ки акаи Зафар торе ба даст болои саҳна омада, ба он кас доданд ва тори торкандаро гирифта, ба толор фаромаданд.
Маълум шуд, ки он кас дар консерти ҳамкасбаш иштирок доштаасту қабл аз ҳама нуқсони пайдошударо бо як чолокӣ бартараф карданд. Оё ҳамаи мо нисбати ҳамкасби худ чунин рафтор мекарда бошем? Агар ҳа, пас чаро мегӯянд, ки мулло душмани мулло, олим душмани олим, золим душмани золим, гадояшро намегӯем…
Рӯзе автомошинамро ба маркази мошинтаъмиркунии шаҳри Қӯрғонтеппа, барои таъмир бурдам ва дидам, ки аз байни корпуси калони таъмиргоҳ овози "зинда"-и Зафар меояду бисёре аз устоҳо он ҷо ҷамъ омада, каф мекӯбанд. Наздиктар рафта дидам, ки он кас болои чархи эҳтиётие нишаста ҳофизӣ доранду устое «жигули»-и сафедашро таъмир мекунад. Ҳамоно ҳама чиз, аз ҷумла таъмири автомошина фаромуш гашту муддате ба шунидани овози ӯ андармон шудам. Худованд ӯро беҷурм, бо чор ишкели дуруст, қаду қомат ва чеҳраи зебои инсонӣ, хулоса марди асил офарида буд, ки ҳангоми сурудхонияш касро ба андешаҳои дуродури хирад, ҳаёт, зиндагии инсонӣ ва паҳлуҳои пурифтихори ҷомеаи инсон мебурд ва ҳангоми шунидани овоз ва тамошои чеҳраи нуронии ӯ то ҷое ба хаёл фуру мерафтӣ, ки дигар чизеро аз ҳайрати беш намедидӣ, балки барои ин эҳсосе ҳам намемонд. Бахусус ҳангоми сурудан аз ашъори бузургони гузаштаву муосиронамон, ки шунавандаашро дарҳол ба дунёи худ мекашид ва ғарқи бехудӣ мекард. Дар тасдиқи гуфтаҳои боло, ғарқи хаёлу фаромӯшӣ гаштам ва беҳтар аз худи ӯ чизе гуфта наметавонам, чуноне ёдам омад, ки чанде пештар тариқи як сӯҳбати телевизиониаш гуфта буд: - "Шунавандаи ҳофиз, баробари ҳофиз пир мешавад" ва бо ин гуфтаҳо, албатта дар қиёс ҷавонону пиронро манзур дошт, ки пирон ба асолати сухану маънӣ гӯш фароҳам додаву завқ мебурданд, ҷавонон бошанд ба суханҳои пӯчу бемаънӣ ва безавқии ҳофизони навбаромаду шеърҳои сухтампухтами бемантиқи худашон, талқинҳои бемаъниву барои пул шудани онҳо аз ҷониби кормандони садову симоямон ба намоиш бароварда мешаванд.
Баъди аз ҷой хестанашон, яъне ба итмом расидани таъмири мошинашон, касе як навъ тафриқаомезона саволаш дод, ки чаро чанде пеш ба Ҷӯрабек Муродов унвони Артисти халқии СССР дода буданд ва ба Шумо не? Худораҳматӣ дари мошинро аз нав пӯшида, нисбати ҳунари худододи устод Ҷӯрабеки Мурод қиссаҳо карда, аз ҷумла гуфт: - "…Ба қадри ин ҳунарманди забардаст ва нобиға албатта саривақт расидаанд ва ин боиси ифтихори ҳамаи мо бояд бошад!" Ба саволи дигар, ки "чаро Шумо тариқи телевизион ва радио кам баромад мекунед?" чунин ҷавоб дод: -"Ҳунарманди асил ҳар рӯз, аз пагоҳ то бегоҳ "ҳов-ҳов" карда, ба ҷони мардум бояд назанаду ҳаводоронаш доимо муштоқаш бошанд". Чунон ки пиру барно доим муштоқи овози худи ӯ буданд. Баъдтар фаҳмидем, ки баромадҳояшро бо кадом сабаби беасосе аз тариқи садову симо манъ карда будаанд ва гузашта аз ин, чӣ будани ин падидаро сарфаҳм рафтем. Вале он рӯз ӯ гилае накард, то ки он боиси норозигии ҳаводоронаш аз чизе ё аз касе нагардад.
Рӯзе, дар утоқи корӣ нишаста будам, ки прокурори ноҳияамон Додарҷон Мақсудов ба наздам омада, гуфтанд ки "пагоҳ устод Зафар меоянд ва дар теппаи "телевизионная вышка" (қаламрави н. Колхозобод) дӯсташон зиёфат оростааст ва хуб мешавад, агар якҷо рафта меҳмон шавем". Рӯзи дигар он кас омаданд ва мо якҷоя ба меҳмонӣ рафтем. Ба он нигоҳ накарда, ки дар хонаи чӯпонӣ барқ набуду дигар шароит, ба тавре на он қадар муносиб буд, ин марди бузургу хоксор як шабонарӯз он ҷо суруд хонданду бо мо сӯҳбат карданд. Барои ман бошад, аз сабаби он, ки маҳз он ҷо сӯҳбату сурудҳои ин нобиғаи замонро, аз наздик ба қавле дар маъракаи "чортанӣ" шунидаму кайфият бурдам, ҳамон "хонаи чӯпон" дар хотирам чун қасри барҳавову равшантарини дунё боқӣ мондааст.
Ҳангоми сурудеро хондан беихтиёр оби чашмам рехт, ҳарчанд кӯшиш кардам, вале он кас диданд ва суруданро бас карда, "ҳа, раисбобо?" гуфтанд. Гуфтам, ки: "акаи Зафар, соле қабл пои модарам гирифтори бемории "гангрена" шуду аз он зардоб мерафт ва оқибат он кас бо азобҳо даргузаштанд ва ин суруди Шумо, ки "Зардоби дили модари ман сар зада буд" хондед, ҳамон лаҳзаҳоро ба ёдам овард. Баъд маро ба берун хонда, аз ғаладони автомошинашон касетаеро тақдим карданд ва дар он аз ҷумла ин суруд низ буд. Барои он, ки гумшавии фитаҳо, аз мошин маълум буд, онро доим дар хона нигоҳ медоштаму гӯш мекардам.
Баъди ҳодисаҳои нангине, ки дар он рӯзҳо хонаамонро "дӯс¬тонам" чизе намонда, "ба яғмо" бурданд, имрӯз аз даст рафтани лавозимоти рӯзгори дар тӯли 20-25 сол ҷамъшуда не, вале ду фитаву як соат ба ёдам меояд. Соате, ки барои гули аввалини пахтаро аз Қӯр¬ғонтеппа Шукуров З. Ш., котиби аввали кумитаи партиявии шаҳр ва Атоев С. А., сардори раёсати хоҷагии қишлоқи Комиҷроияи шаҳр, ба тариқи ман ба Кумитаи Марказӣ фиристоданду ба Ҷаббор Расулов бурда додам ва он кас соати дасташро кушода ба ман ҳадя доданд ва ана ҳамон фитаи устод Зафар ва фитаи дигаре, ки дар он гиряву аввалин суханон ва шеърхонии фарзандонамро сабт карда будам. Дар омади гап, дар замони ҳукумати қонунӣ низ ҳамон хонаро дузд бурда буд. Соли 1993 президенти МОК Хуан Антони Самаранч ба Тоҷикистон омад ва ман қабул, меҳмондорӣ ва гуселаш кардам. Ӯ ҳангоми вохӯрӣ ба ман каҳрабои шафофи чоркунҷаеро бо сабти рамзи панҷ ҳалқаҳои Олимпиада тӯҳфа карда буд ва онро писарам Рустам, ба он ҷо бурд ва ҳангоми боз ҳамон хонаро дуздҳои "нав" дуздидан, ин туҳфаро низ бурданд, ки имрӯз лоиқи осорхонаеро оро додан дошт. Вале он замон на осорхона ба хотир меомаду на ақл барои ин корро кардан ва умуман, оё дар он рӯзҳо осорхонаҳо кор мекарданд ё не?
Устод Зафар Нозим сазовори ҳама унвон, ҷоиза, ордену медал ва ҳатто муҷассама буд, ки на ҳамаи онҳоро дошт, аммо унвони бузургтареро боло аз муҳаббати мардум қабул надошт, ки онро хеле барвақт соҳиб шуда буд ва ин номи некӯяш буд, ки ӯро ҷовидона дар дили мардум ҷой додааст. Яъне ӯ худ барои мо унвон ва муҷасамаи бемисл, ҳадяи Худовандӣ буд.
Ӯ худ дар саҳнаи ҳунари тоҷик ганҷе буд бебаҳо ва дар замон сарпарастии гурӯҳи нотакрори ҳунарии "Ганҷина"-ро ба ӯҳда дошт, ки дар ин гурӯҳ беҳтарин сарояндагону навозандагон ва ҳунармандони тамоми манотиқи Тоҷикистонро ҷамъ оварда буд ва пеш аз ҳама истеъдоди шифоҳии мардумро дар симои ин гурӯҳҳо, аз Бадахшону Хатлону Суғду Зарафшон ҳифз медошт, то ки бо вуҷуди ин гурӯҳҳо санъати қадимаи мардумиву маҳалливу бумии тоҷиконро ҳифз намояд ва ин корро ҳам, албатта ба хотири пайвастани мардуми тамоми маҳалҳои кишвар ба сомон мерасонд.
Дар рӯзҳои нобасомонии кишварамон ӯро низ гурӯҳҳои маҳалгарову тахрибкор санги маломат мезаданд, яке "…дар вақти ҷанг бетарафиро ихтиёр кард!", дигаре бошад "…аз хонааш силоҳ ёфтем!" гуфта, ба сари ӯ чи фалокатеро, ки пеш оварданд, ки худаш медонисту Худо... хонаашро оташ заданд ва худашро дарбадар карданд. Вале ин кӯтоҳандешон намедонистанд, ки хонаи асосии ин марди бузургро на тарконда мешаваду на сӯзонда, зеро ки ӯ дигар моли мардум буд ва дар дили мардум маскану ватан дошт. Агар бо иқрор гӯям сабабгори асосии, каме ҳам бошад, осудатар гаштани "вазъи" он кас нависандаи маҳбубамон Ҷонибек Акобиров гардид ва аз эҳтимол дур набуд, ки бахусус он рузҳо, ҷони худро дар хатар гузошта, ба ҷое омада, хабари дар куҷо ва чи ҳол доштану рақами телефонашро расонд. Бояд гуфт, ки тавассути ҳамон телефон, ман солҳои тӯлонӣ бо ӯ сӯҳбат мекардам, ки ҳатто аз Маскав ҳам бо ҳамон шумора ҷашни 70-солагияшонро табрик гуфтам. Ёдам ҳаст, ки баъди табрик, ба ӯ шӯхиомез гуфтам: - "Ака, оё ман бо ду қошуқ хӯрок мехӯрдам, ки тарсида баъди, аз Тоҷикистон рафтани ман 70 сола шуда, зиёфат оростед? Ва ӯ дар ҷавоб баланд хандида: - "Ҷашну зиёфат ҷон дорад, ҳар вақте, ки шумо биоед, аз нав гардонаш мекунем"! - гуфтанд ва бо лафзи ба он кас хоси ширин, чун ҳамеша, дар ҳаққам дуо карданд.
Баъди чанде аз Вазорати хориҷиамон, бахшида ба 9-уми сентябр, рӯзи Истиқлолият, чанд китобу ду диск бо сабти сурудаҳои гулчин, унвонии Сафорат фиристоданд. Онҳоро тамошо карда дидем, ки суруде аз акаи Зафар низ будааст ва ин боис шуду ба он нигоҳ накарда, ки баъди он рӯзҳои нобасомони гузаштаву пасовардҳояш, боре ҳам ман бо он кас дар бораи, он рӯзҳои хушу хуррами фаромӯшнашавандаву гум шудани фитаи тӯҳфакардаашон, ба хотири мабодо "болои сӯхта намакоб" нашавад гуфта, ҳарфе накушодам, занг задам, то ки бо дасти муборакашон фитае бо он сурудҳои солҳои хушу ҳоло муносибатҳои неки инсонӣ гум нашуда, фиристанду садояшро пайваста дар ин мусофириҳо шунавем. Вале ҳайҳот, ки на он рӯз ва на чанд рӯзи дигар гӯшакро касе набардошт ва баъдтар хабари ғамбори иртиҳолашро шунидам.
Ин шахсияти нотакроро маҳбубияти дили халқ парвардаву муҳаббати мардуми ин сарзамин ба воя расондааст. Чунин инсонҳо маҳал надоранд ва ифтихорашон танҳо дар номи Ватан, Тамаддун ва Таъриху Фарҳанги Миллат асос ҷуставу реша давондааст.
Ҳарчанд дар ин охир зиндагии серу пуру осуда дошт, аммо аз он рӯзҳои нангин ба афсӯс ёд мекард ва аз дарди ғофилхабарии мардумамон, ки бо ҳамин қадар таъриху фарҳанги бойу беназир ҳанӯз ҳам аз ранҷи маҳалбозӣ берун наомадааст ва Тоҷикистонро ба деҳаву бому дарашон тақсимбандӣ мекунанд, инчунин дар зимни ноогоҳиашон аз худшиносиву тамаддунофарӣ, аз шиканҷаҳои таърихиашон аз дасти юнониву аъробиву турку муғул фаромӯш мекунанд, бисёр афсӯс мехӯрд ва орзу мекард, ки мардуми мо худшинос бошад. Албатта ин орзуи ҷовидонаву ҷавонмардонаи устод Зафар Нозим буд, ки монанди устодон Одина Ҳошим, Абдуллоҳи Наз¬рӣ, Боймуҳаммад Ниёзов ва дигар устодон онро дар дили бекинаву миллатдӯсту пурғурӯраш ба хок бурд.
Агарчи ҳама рӯзу соли Худо ба ҳар навъ мегузарад, аммо соли 1977 соли неъматофар ҳам, ки буд, дар ёдҳо ҳамчун соли пурғуссаи даргузашти ду шоҳсутуни ҳастии миллату давлатамон, Қаҳрамонони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ва устод Мирзо Турсунзода мондааст. Соли 2010 бошад, устод Зафар Нозимро аз байни мо бурд ва бо доғи "ҷигари сӯхта" дар ёд мемонад.
Ҷавониву пирӣ ҳарду амонати раҳоварди умр буда, бевафову гузарандаанд. Инаш ба онаш месупораду онаш ба хок. Вале чорае нест.
Аз рӯзи марги устод Зафар акнун муддате сипарӣ гаштааст ва дар ин дами кӯтоҳ таронабори устод Одина Ҳошимро ба ёд овардам ва аз миён байтеро, ки пайваста вақтҳои охир замзама мекард, дар гӯшам ба садо овард, ки:
Аз марги мо чу муддати се рӯз бигзарад,
Дар ҳеҷ кӯе кас накунад пурсуҷӯи мо..."
ва ин байт аз таронаҳои устод Зафар ин мисраъи шоир Ҳушанги Сояро дар ёдам овард, ки дар лавҳи хотирам бо танини "имшаб"-аш боқист:
Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ,
Фардо маро чу қисса фаромӯш мекунӣ!..
ва бо ин суханони Хоҷа Ҳофизи бузургвор меафзоям, ки бо панди поён бахшидани умри чароғу парвонаву рӯзгори инсонӣ ва фанопазирии ҳастӣ ва мояи таълим будани ин нафаси ғанимат фармуда буд:
-Касе муқими ҳарими ҳарам нахоҳад монд!
Ва ин "ҳарам" дунёст, ки касеро дар худ бақо нагзорад ва ҳам ба касе мерос намонад..., аммо ин ҷо ҳақ ҳам бар ҷониби Саъдии ҷовидонсухан аст, ки гуфта:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
Аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад, номро!
Вале бояд зинҳор ба кӯтоҳназарӣ фикр накунем, ки устодон ё алломаҳо, яке дар таълифу дигаре дар интихобу сурудани чунин шоҳбайтҳо шахсияти худашонро дар назар дошта бошанд, зеро ин қабили сароҳатнубӯғ дар зиндагӣ амали хайреро сомон бахшидаанд, ки фаромушнашаванда ва зиндаёданд. Ва устод Зафар Нозим аз зумраи чунин мардони родманиш буданд. Ёдаш ба хайр ва манзили охираташ мунаввар бод…
Абдулмаҷид ДОСТИЕВ, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия