Хабари хуб

Даври навбатии музокироти сулҳи Сурия 28 ноябр дар Остона баргузор мешавад 24.11.2018 09:33 Даври навбатии музокироти сулҳи Сурия 28 ноябр дар Остона баргузор мешавад
Вазорати хориҷаи Қазоқистон рӯзи гузашта эълом кард, ёздаҳумин даври музокироти сулҳи Сурия мавсум ба “Остона ёздаҳ” рӯзҳои 28 ва 29 ноябри соли ҷорӣ дар пойтахти Қазоқистон баргузор хоҳад шуд. Ин ниҳод хотирнишон кард, ....

Сардори маҳбасҳои Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд 23.11.2018 11:48
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарони баъзе вазорату идора ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд. Бар тибки ин қарор Иззатулло Шарифзода муовини вазир ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон аз мақомаш ....
Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо намояндагони Порлумони Урупо 23.11.2018 10:57
22 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи ширкат дар 7- умин ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Урупо дидори Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо намояндагони Парлумони Урупо таҳти роҳбарии Ивета Григуле-Петерс раиси ҳайати Парлумони Уврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барпо гардид. Дар рафти ....
Як дипломат рус: Русия дар пай ҳимоят аз Толибон нест 23.11.2018 10:01
Як дипломати сафорати Русия дар Кобул гуфтааст, ки барқарории тамосҳо миёни Русия ва намояндагони Толибон танҳо бо ҳадафи осон кардани музокироти сулҳ миёни ин гурӯҳ ва давлати Афғонистон сурат мегирад. Алберт Хафизов муъовини сафорати Русия дар Кобул рӯзи гузашта дар нишасте, ки барои баррасии натоиҷи конфронси Маскав баргузор шуда буд, гуфт ....
Ихтисоси 27 миллион еврои Олмон ба Тоҷикистон 23.11.2018 09:19
Хабаргузории ТоҷикТа гузориш медиҳад, ки ҳукумати Олмон барои рушди соҳаи тандурустӣ, молия, энержӣ, таҳсилоти ҳирфаӣ ва фановарӣ ба Тоҷикистон 27 миллион евро ҷудо намудааст. Ин хабаргузори бо истинод аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мефазояд; “Ахиран дар пойтахти Тоҷикистон мулоқоти байниҳукуматии ин кишвар ва намояндагони ҳукумати Олмон баргузор шуд. Раиси ....
Музокироти вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ ва намояндагони Аврупо доир мешавад 22.11.2018 16:33
Қарор аст 23 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Брюссел дидори вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони Иттиҳодияи Урупо баргузор шавад. Аз Тоҷикистон дар ин нишаст Сироҷиддин Аслов вазири умури хориҷаи ин кишвар ширкат мекунад. Дар ҷараёни ин мулоқот, ки барои дуввумин бор дар соли ҷорӣ баргузор мешавад, масоили ҳамкориҳои дуҷониба, ....
Намоишгоҳи “Тоҷикистон ва Русия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ” дар Душанбе баргузор мешавад 22.11.2018 14:16
Имрӯз дар Осорхонаи милли Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳи “Тоҷикистон ва Русия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ”, ки ба 25- умин солгарди имзои “Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки тарафайни миёни Тоҷикистон ва Русия” аз 25 май соли 1993 бахшида шудааст, баргузор мешавад. Дар назар аст, ки дар маросими ....
Мамнуъияти издивоҷи зери 18 сол дар Шветсия 22.11.2018 09:20
Қонунгузорони шведӣ ҳафтаи оянда як лоиҳа дар робита бо мамнуъияти издивоҷи афроди зери 18 солро ба рай хоҳанд гузошт ва дар сурате, ки ин лоиҳа тасвиб гардад издивоҷ барои шаҳрвандон ва сокинони ин кишвар дар дохил ва хориҷ аз Шветсия мамнуъ эълом хоҳад шуд. Ин қонун бозтоби чолишбарангезе ба ҳамроҳ хоҳад ....
Болоравии арзиши “патент” дар Маскав 22.11.2018 08:38
Намояндагони Думаи шаҳрии Маскав ахиран қарореро ба тасвиб расониданд, ки бар тибқи он арзиши иҷозатномаи корӣ дар ин шаҳр барои муҳоҷирони корӣ боло хоҳад рафт. Арзиши иҷозатномаи кор дар Маскав барои муҳоҷирони корӣ шуруъ аз 1-уми январи соли 2019 ба миқдори 500 рубл гаронтар мешавад. Ҳамин тавр аз аввали соли 2019 ....
Теъдоди кушташудагони ҳамлаи маргталабона дар Кобул ба 55 нафар расид 21.11.2018 15:49
Вазорати тандурустии Афғонистон эълон кард, ки теъдоди кушташудагони ҳамлаи интиҳории шаби гузашта дар Кобул ба 55 нафар расидааст. Бино ба гуфтаи Ваҳидуллоҳи Маҷрӯҳ, сухангӯи вазорати тандурустии Афғонистон, ҳамчунин тай ин ҳамла ҳудуди 94 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ин инфиҷор дар меҳмонхонаи “Уранус”- и шаҳри Кобул зимни баргузории маросими бузургдошт аз мелоди паёмбари ....
Манъи фурӯши антеннаҳои моҳвораӣ дар Туркманистон 21.11.2018 13:31
Бино ба иттилоъи хабарнигори бахши туркмании радиои Озодӣ, дар бозорҳо ва марказҳои тиҷории шаҳри Ишқободи Туркманистон фурӯши мавҷгирҳои моҳвораӣ манъ шудааст. Ба гуфтаи вай, "Мавҷгирҳои моҳвораӣ асосан дар бозори "Гулистон", "Суммар" ва "Олтин Аср"-и шаҳри Ишқобод фурӯхта мешуданд. Ҳоло чунин мавҷгирҳо дар фурӯш нестанд, мегӯянд манъ шудааст.  Соҳибкорон дастури шифоҳӣ гирифтаанд, ки ....
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97